Рубрики Хабарҳо

НАТО шумори аскаронаш дар Афғонистонро ба 16000 мерасонад

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯз чаҳоршанбе 14 феврал бори дигар бар афзоиши нерӯҳои НАТО то марзи 16 ҳазор дар Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии «Ориёно нюз», ҳамзамон бо афзоиши ҳамалоти интиҳорӣ ва бомбгузории гурӯҳҳои мухолифи давлат дар Афғонистон, вузарои дифоъи НАТО бори дигар барои ду рӯз дар Брюссел гирди ҳам меоянд.

Дабири кулли НАТО гуфт: «мо дар садади он ҳастем, то теъдоди асокири худро ба сақфи 16 ҳазор тан дар Афғонистон бирасонем, ки ин рақам нисбат ба сол гузашта, ки 13 ҳазор тан буд, афзоиш меёбад. Ин баёнгари тааҳҳуди давомдори мо нисбат ба амният дар Афғонистон мебошад».

Йенс Столтенберг ҳамчунон гуфт: «солҳои таҷриба дар Афғонистон ба мо омӯхт, ки тақвияти нерӯҳои маҳаллӣ яке аз беҳтарин абзор барои мубориза алайҳи даҳшатафганӣ аст. Дасти кам 28 муттаҳиди мо барои омӯзиши нерӯҳои Афғонистон ба мо кӯмак мекунанд».

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Бритониё эълом кард, ба зудӣ нерӯҳои вижа ба Афғонистон барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои афғон ва мубориза бо терроризм мефиристад.

Нерӯҳои вижаи бритониёӣ барои ҷанг бо Толибон ва боздошти раҳбарони ин гурӯҳ ба Афғонистон эъзом мешавад.

Ҳамчунин гузоришҳое вуҷуд дорад, ки Амрико нерӯҳои низомиашро аз Ироқ ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Фокс нюз дар гузорише навиштааст, ки мақомҳои амрикоӣ таъйид карданд, ки пас аз шикасти гурӯҳи Доъиш дар Ироқ, раванди берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар оғоз шуда ва ин нерӯҳо ба Афғонистон хоҳанд рафт.

Ҳудуди панҷ ҳазор низомии амрикоӣ дар Ироқ ҳузур доранд ва дар ҳафтаҳои гузашта шуморе аз онон бо таҷҳизоти ҷангӣ ба Афғонистон расиданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *