Бонки миллӣ фаъолияти се ташкилоти маблағгузории хурди қарзиро дар Тоҷикистон қатъ кард.
Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори як иттилоя хабар додааст, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар “фаъолияти ҶСП ТҚХ “Зироат-04”, ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест” қатъ карда шуданд.
Дар ин иттилоия омадааст, ки “Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ “Зироат-04”, ҶДММ ТҚХ “Ганҷ-2006” ва ҶДММ ТАҚХ “Диси инвест”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд.”
Бонки миллӣ фаъолияти се муассисаи молиро дар асоси моддаи 26-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 6-10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” қатъ карда, гуфтааст, ки фаъолияти дигари ҷабҳаҳои ин ташкилотҳои қарзӣ дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.”