Рубрики Хабарҳо

Арабистону Туркия барои корхонаи «Тесла»вориди рақобат шуданд

Бар асоси гузориши “Волл стрит журнал”, ширкати созандаи худравҳои электирикии “Тесла” дар ҳоли музокираи аввалия барои эҷоди як корхона дар подшоҳии арабии Саудӣ аст. Дар ҳамин ҳол, дирӯз раисҷумҳури Туркия аз мудиромили Тесла хост то як корхонаи тавлиди худравҳои барқии ин ширкатро дар Туркия эҳдос кунад. Урдуғон гуфтааст, ки ширкатҳои тиҷории Туркия бо Тесла ҳамкорӣ доранд ва Туркия номзади муносибе барои сохти корхонаи баъдии Тесла аст. 

Тесла дар ҳоли ҳозир шаш корхона дорад ва ҳафтумин корхонаи он дар Мексика бо ҳадафи густариши ҳузури ҷаҳонӣ дар ҳоли сохта шудан аст. 

Илон Маск, соҳиби ширкати Тесла, дар моҳи май, эълом кард: “ин ширкат эҳтимолан то поёни соли ҷори маконеро барои як корхонаи ҷадид интихоб хоҳад кард.” 

Афроди огоҳ дар бораи ин ройзаниҳои Маск бо Саудӣ, гуфтанд, ки музокирот дар мароҳили бисёр аввалияи он аст ва бо таваҷҷуҳ ба шарикии феълии саудӣ бо гурӯҳи “Lucid” , ки рақиби Тесла дар заминаи худравҳои электирикӣ ба шумор меравад, мумкин аст ин ройзаниҳо бо вуҷуди печидагиҳои ин муомила, мутаваққиф шавад. 

Ин ройзаниҳои саудӣ бо Илон Маск, молики Тесла ба унвони бахше аз кампини баландпарвозонаи ин подшоҳӣ барои таъмини маводи маъдании мавриди ниёзи худравҳои электирикӣ ва танаввӯъ бахшидан ба иқтисоди ғайринафтии он анҷом мешавад. 

Волл стрит журнал, ба нақл аз афроди огоҳ, тасреҳ кард: “подшоҳии саудӣ дар талош аст то Тесларо мутақоид кунад то миқодири хоссе аз фулузоти мавриди ниёзи ин ширкат барои худравҳои электирикии худро аз кишварҳое аз ҷумла ҷумҳурии демократики Конго харидорӣ кунад.” 

Ин рӯзнома дар гузориши худ афзуд, мақомоти саудӣ дар июни гузашта барои фароҳам сохтани ин мавод дар кишварашон бо давлати Конго, ки ҳудуди 70 дарсад кобалти ҷаҳонро таъмин мекунад тамосҳое барқарор кардаанд. 

Афроди ошно ба ин мавзӯъ баён карданд, ки яке аз пешниҳодоти мавриди баррасӣ аз сӯи подшоҳии Арабистони Саудӣ, шомили густариши таъмини молӣ барои ширкати тиҷорати колои “Тарофигуро” аст, ки колоҳои асосӣ барои як пружаи “мутазалзил”-и баҳрабардорӣ аз кобалт ва мис дар Конго аст, ки дар ниҳоят метавонад ба таъмини маводи мавриди ниёзи корхонаи худравсозии Тесла дар Саудӣ кумак кунад. 

Таҳаққуқи орзуҳои Тесла 

Дар сурати муваффақият, ин муомила метавонад ба Тесла, ки теъдоди фурӯши он дар соли 2022 ҳудуди 1.3 миллион дастгоҳи худрави барқӣ буд, кумак кунад то ба таҳаққуқи орзуҳои худ барои фурӯши 20 миллион худрав дар сол то соли 2030 даст ёбад. 

Шоёни зикр аст, ки ширкати “Тойота” бо 10.5 миллион худрав пурфурӯштарин худравсози ҷаҳон дар соли 2022 буд. 

Лусид, ки сандуқи сармоягузории умумии саудӣ, дар он саҳоми аксарият дорад, интизор меравад монтажи муҷаддади худравҳоро дар миқёси маҳдуд дар ин моҳ дар аввалин корхонаи байналмилалии худ дар саудӣ дар савоҳили Баҳри Сурх оғоз кунад, ҷое, ки зарфияти тавлиди солона 150000 худрави барқиро доро аст. 

Илон Маск, гуфтааст, ки эҳтимолан “Тесла, барои расидан ба ҳадафи худ ба ҳудуди 12 корхона ниёз дорад.” 

Тесла, дар ҳоли ҳозир дар Иёлоти муттаҳида, Чин ва Олмон худрав тавлид мекунад ва гуфтааст, ки қасд дорад ин корро дар Мексика низ анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе 18 сентябр хабаргузории Рейтерз ба нақл аз Анатолу гузориш дод, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки барои ширкат дар дар ҳафтоду ҳаштумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони милал ба Ню-йорк рафта, бо Илон Маск, мудири ширкати Тесла, дидор кард. Ў дар ин дидор аз мудири Тесла хост то як корхонаи худравҳои барқиро дар Туркияро ифтитоҳ кунад. 

Урдуғон бо баёни ин, ки бисёре аз ширкатҳои тиҷории Туркия бо Тесла ҳамкорӣ мекунанд гуфтааст, ки Туркия яке аз беҳтарин номзадҳо барои корхонаи баъдии Тесла аст. 

Ӯ аз омодагии кишвараш барои ҳамкорӣ бо Маск дар заминаи ҳуши маснуӣ, Старлинк ва Спейс Икс сухан гуфт ва Маскро ба ҷашнвораи фановарии Технофест даъват кард, ки дар Измир баргузор мешавад. Маск низ тамоюли худро барои ҳамкорӣ бо Туркия ва дарёфти муҷаввизи хадамоти Старлинк эълом кард. 

Ба гузориши Рейтерз Маск дар ҳоле, ки худро як “озодихоҳ” медонад, ба бархе аз хостаҳои давлати Туркия дар сонсури мӯҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ амал кардааст. Ў аммо дар мавридҳои дигар ба аҳкоми додгоҳҳои Туркия эътироз кардааст. 

Дидори Маск бо Нетаняҳу 

Қарор аст Маск рӯзи душанбе бо Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ дар Иёлоти Калифорния дидор кунад. Маск дар платформи Х хабар дод, ки музокироти онҳо бар рӯйи фановарии ҳуши маснуӣ мутамаркиз хоҳад буд. 

Тесла дар моҳи августи соли ҷорӣ алоқаи худро барои сохти як корхонаи тавлиди василаи нақлияи барқии арзон дар Ҳинд иброз кард. 

Маск дар моҳи май гуфта буд, ки Тесла эҳтимолан то поёни соли ҷории мелодӣ маконеро барои як корхонаи ҷадид интихоб хоҳад кард. Саҳоми Тесла дар соли ҷорӣ 123 дарсад афзоиш ёфтааст. Тесла ду рӯз пеш эълом кард, ки панҷмиллионумин худрави худро тавлид кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *