Рубрики Хабарҳо

Таркиши мина дар Кундуз ҷони чанд нафарро гирифт

Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *