Рубрики Хабарҳо

Исроил: Эрон мизони ғанисозии ураниум дар нерӯгоҳи Фордоро се баробар кардааст

Бенни Гантс, вазири дифоъи Исроил муддаӣ шуд, ки Эрон дар ҳоли пешбурди барномаи ҳастаии худ буда ва дар соли гузашта мизони ғанисозии ураниум дар таъсисоти Фордоро се баробар кардааст. 

Бар асоси баёнияи дафтари расонаии нахуствазири Исроил, Гантс дар нишасте бо сафирҳои кишварҳои Амороти арабӣ, Баҳрайн, Судон ва Марокаш эълом кард, ки иттилооти Исроил, “гузоришҳои байнламилалӣ мабнӣ бар пешбурди барномаи ҳастаии Эронро таъйид мекунад”. 

Вай бо баёни ин ки Эрон на танҳо аз назари тавоноӣ, балки дар мизони тавлид низ пешрафт карда, гуфт: “Эрон дар соли гузашта ба таври пайваста тавлиди садҳо сентрифужро афзоиш дода ва ғанисозиро ба сутӯҳи болоӣ афзоиш медиҳад. Тибқи арзёбиҳои мо теъдоди скнтрифужҳои пешрафта дар таъсисоти зерзаминии Натанз ва Фордо дар соли гузашта беш аз ду баробар шудааст”. 

Вазири дифоъи Исроил бо даъват аз Шӯрои амнияти Созмони милал барои “иқдом дар баробари чолиши Эрон”, афзуд: ҷомеъаи байналмилал илова бар талошҳои дипломатик ва иқтисодӣ бояд боздорандагии низомиро низ фароҳам кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *