Парвиз Собиров, варзишгари маъруфи собиқ ба Эмомалӣ Нуралӣ барои дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали нуқра ба даст оварданаш мошини гаронбаҳои “Mercedes-Benz S class” туҳфа кардааст.
Эмомалӣ Нуралӣ, варзишгари 23-солаи тоҷик, дар саҳифаи Instagram-и худ аз ин туҳфаи арзишманд хабар додааст.
Ӯ моҳи гузашта дар шаҳри Будапешт, пойтахти Маҷористон, дар вазни то 66 кг аввалин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо ба даст овард.
Парвиз Собиров, ки дар гузашта узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон буд, ҳоло дар Душанбе як бошгоҳи шахсии варзишӣ дорад ва бо чунин иқдом варзишгари ҷавонро ба дастовардҳои нав ҳавасманд кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube