Рубрики Хабарҳо

“Тавҳидбонк”-и Ҳасан асадуллозода мехоҳад минтақавӣ шавад

Раҳбарияти “Тавҳидбонк”, мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур, дар бораи муваффақона табдил ёфтан аз бонки маъмулӣ ба исломӣ хабар дода, соли 2021 ният дорад, ки ба сатҳи байнулмилалӣ роҳ ёбад.

Тибқи иттилоияи дафтари матбуотии Ҷамъияти саҳҳоии кушодаи Тавҳидбонк Шералӣ Зардов, раиси ин бонк  гуфтааст, “Мо аввалин бонки исломиро дар Тоҷикистон таъсис дода, ният дорем, ки яке аз беҳтарин бонкҳои исломӣ дар минтақа шавем”.

Бино ба арзёбии ӯ, марҳилаи аввал “комилан пурсамар” тай шуда, дар ҷараёни он бонк “эътимоднокӣ ва самаранокии бесобиқаро нишон дод ва яке аз кафилони суботи низоми молиявии кишвар гардид”.

Ӯ қайд мекунад, ки дар марҳилаи минбаъда бонк рушди рақобатпазирӣ ва афзоиши тиҷоратро “бар асоси татбиқи маҷмӯи қарорҳои молиявии исломӣ, ҷорисозии хизматрасониҳои муосири рақамии бонкӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои навтарин” ба нақша гирифтааст.

Дар изҳороти Шералӣ Зардов таъкид мешавад “Бозор ва хавфу имконоти имконпазири рушдро меомӯзем, лекин ба мо на талаботи бозор, балки талаботи мизоҷ муҳимтар аст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки захираҳои озод ва истифоданашудаи молиявии худро, ки дар дасти аҳолӣ нигаҳдорӣ мешавад, сафарбар намуда, гардиши қонунии бонкӣ ва сармоягузорӣ, инчунин фоида аз онҳоро бо риояи комили қоидаҳои шариат, назардошти меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавии мизоҷон таъмин намоем”.

Дар фарҷом ӯ илова намудааст, ки ҳадафи минбаъдаи “Тавҳидбонк” то соли 2023 табдилёбӣ аз тамға (бренд)-и миллӣ ба байнулмилалӣ аст.

ҶСК “Тавҳидбонк” аввалин ва ягона бонки мукаммали исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба амалисозӣ ва истифодаи маблағгузории исломӣ дар доираи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки милии ҷумҳурӣ оғоз кард.

Ба амалиёти фаъоли маблағгузории исломӣ  Ҷамъияти саҳҳоии кушодаи Тавҳидбонк  “Тавҳидбонк” аз моҳи январи соли 2020 шурӯъ кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *