Рубрики Хабарҳо

Илон Маск ва Марк Зукерберг ба ринг мебароянд

Ду ғӯли шабакаҳои иҷтимоӣ ба масофи ҳам мераванд. Илон Маск ва Марк Зукерберг, ду чеҳраи шохис ва миллиардери ҷаҳони технологӣ тавофуқ карданд, ки дар як қафас бо якдигар мубориза кунанд. 

“Муборизаи қафас” як рӯйдоди варзишӣ аст, ки дар он гӯштигирон дар макони маҳсури шабеҳ ба қафас ба масофи ҳам мераванд ва барои пирӯзӣ бояд аз болои қафас хориҷ шаванд. 

Моҷарои ин ду ҳариф аз он ҷо оғоз шуд, ки Маск, дар шабакаи иҷтимоии худ Твитер навишт, ки “омодаи мубориза дар қафас” бо Зукерберг аст. 

Дар муқобили Зукерберг, раиси Фейсбук ва Инстаграм, тасвире аз твити Маскро дар сафҳаи корбарии худ мунташир кард ва хитоб ба ӯ навишт: “нишонаи макони муборизаро барои ман бифирист.” 

Ин баҳси онлаинӣ ба он ҷо хатм шуд, ки Маск дар посух ба рақибаш навишт: “Ҳаштгӯшаи Вегас.” 

Тушаки ҳаштгӯшаи мавриди назари Маск, мусобиқоти қаҳрамони муборизаи шадид ё ба ихтисори англисии он “UFG” аст, ки дар шаҳри Лас-Вегас Иёлоти Невада баргузор мешавад. 

Илон Маск, ки авохири ин моҳи ҷорӣ 52 солагии худро ҷашн мегирад ҳамчунин дар як пости твитерӣ навишта, ки “ман дар ин набард қодир ба ҳаракате ҳастам, ки онро волрус (морж) мехонам, яъне метавонам рӯйи ҳарифам дароз бикашам ва дигар ҳеҷ коре накунам.” 

Волрус ба ҳайвоне гуфта мешавад, ки шабеҳи фуки дарёӣ аст, бо ду дандони бузург, ки дар навоҳии қутбӣ зиндагӣ мекунад. 

Маск баъдан видеои кӯтоҳе аз як фуки дарёиро дар Твитер мунташир кард, ки шояд нишонгари он бошад, ки чолиши ӯ бо Зукерберг эҳтимолан хеле ҷиддӣ ҳам набошад. 

Дар ҳамин ҳол Зукерберг, ки 39 сола аст, дар заминаи ҳунарҳои размии таркиби омӯзиш дида ва ахиран дар мусобиқоти Ҷиу-Ҷитсу баранда ҳам шудааст. 

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурдае, баҳсҳои маҷозии ин дуро ба иштирок гузоштанд ва бархе филм ва постҳои тамасхуромезе аз муборизаи Илон Маск ва Марк Зукербергро ҳамрасонӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *