Рубрики Хабарҳо

Шарҳи масхараи ВКД ба навори сарбозшикор дар Донишгоҳи тиббӣ

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе ба навори сарбозшикор дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки ду рӯз аст баҳсбарангез шуда, шарҳи масхарае ироа кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод сабаби фирори донишҷӯён на “облава” балки “нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” будааст.

Ин ниҳод иддао кардааст, ки “навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргарда, оид ба тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд”, аммо қазия на чунон аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсаш меравад.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 29-уми майи соли ҷорӣ, дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур мулоқот доир намудаанд. Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд”, — омадааст дар байния.

РВКД дар Душанбе сарбозшикори ғайриқонунӣ дар донишгоҳро, ки дар асл одамрабоӣ ба ҷиноят аст, “нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки боиси ба миён омадани норозигиҳо гардидааст” меномад ва иттилоъ медиҳад, ки “ба амалкарди масъулони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб эроди ҷиддӣ гирифта шуд”. 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин ниҳод “ҳамзамон бо хатмкунандагони донишгоҳи мазкур, бо мақсади баъди хатми донишгоҳ адо намудани хизмати Модар-Ватан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд”. Дар ҳоле, ки дар идомаи баёния иддао мекунад “нақшаи шаҳри Душанбе ҷиҳати ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷабл намудани наваскарон пурра иҷро шудааст”. Аммо чаро бо ин вуҷуд ба донишҷӯён “корҳои фаҳмондадиҳӣ” мегузаронанд ва 2 нафари онҳоро ба артиш мебаранд, шарҳе надодааст.

Ҳамчунин ин ниҳод нагуфтааст, ки чаро «корҳои фаҳмондадиҳӣ» маҳз баъди имтиҳонҳо сурат гирифтаанд, на давоми ду моҳе, ки даъват ба сафи артиш идома дорад.

Дирӯз, 29-уми май, бо нашри чанд аксу навор навишт, ки “гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд”.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷалби иҷбории хатмкунандаҳоро ба хидмат рад карда, гуфтанд, “21 хатмкунанда бо хоҳиши худ ба артиш рафтанд”.

Ду соли охир мақомот ба “шикор”-и донишҷӯён барои бурдани онҳо ба сафи артиш шурӯъ кардаанд ва даҳҳо хабару навор дар ин бора расонаӣ шудааст. Аммо мақомот мегӯянд донишҷӯё ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ мераванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *