Рубрики Хабарҳо

Иқтисоди Бадахшон, рақсу бозӣ ва “фермаи ҷавоб”-и нав

Чанд моҳи охир расонаҳои ҳукуматӣ дар бораи рушди иқтисодиёти  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чорабиниҳои рақсу бозӣ хабарҳои зиёде нашр мекунанд. Нашри чунин хабарҳо ҳафтаҳои охир боз ҳам бештар шуданд. 

Моҳи январ ба сифати оғози сол моҳи ваъдаҳои осмонӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин ҳукумати шаҳри Хоруғ зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонааш ваъда додааст, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, яъне то соли 2026, “дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 82 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд”. Ба қавли мақомот, Бадахшон бо “дастгирӣ ва дастур”-и раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “ба марҳилаи нави рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардид”. Манбаъ нагуфтааст, ки ин корхонаҳо аз кадом ҳисоб бунёд мешаванд ва ҳуккумат кадом намуди “корхонаи саноатӣ”-ро дар ин минтақа сохтанӣ аст. Мақомот иддао кардааст, ки дар “расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноаткунонии босуръат дар минтақа пешравиҳои назаррас” ба чашм мерасанд.

Ҳамчунин агентии давлатии «Ховар» хабар дод, ки соли 2022 дар Бадахшон чорводорӣ, бахусус “қутоспарварӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешавад, рушд намудаааст”. Ба гуфтаи манбаъ, “саршумори он ба 24 ҳазору 124 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,8 фоиз, ё 653 сар зиёд мебошад”. Ин хабаргузорӣ хабари мазкурро чунон намоиш додааст, ки гӯё акнун мардуми 250-ҳазорнафараи Бадахшон метавонанд ҳеҷ гоҳ дар ғами танқисӣ аз гӯшт набошанд, гӯё бо 653 сар зиёд шудани қутос тамоми талаботи мардуми ин минтақа дар гӯшт бароварда шавад. 

Хабаргузорӣ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳукумат барои соҳаи боғпарварӣ низ “дар вилоят соли гузашта 37,5 га боғи нав” бунёд кардааст. Мақомот таъкид кардааст, ки ин “нисбат ба соли 2021 62 фоиз зиёдтар мебошад”. Тафсилоте дар мариди он, ки ин боғҳо аз кадом ҳисоб ва дар кадом заминҳо бунёд шудаанд, дастрас нест. Бо назардошти он, ки ин минтақа аксаран баландкӯҳ асту ин миқдор замини бекорхобида наметавонад вуҷуд дошта бошад, маълум нест ин боғҳоро чӣ гуна бунёд кардаанд.

Ҳамчунин мақомот лоф мезананд, ки барои рушди моҳипарварӣ “аз вилояти Суғд 45 ҳазор дона моҳича барои хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят” дастрас кардааст. Тибқи иддаои мақомот, соли 2023 дар ҳар ноҳияи Бадахшон “бунёди на кам аз як хоҷагии моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст”.

Ҳамчунин расонаҳо хабар доданд, ки дар Бадахшон “хизматрасонии бонкҳо беҳтар ва пасандози аҳолӣ бештар” шудааст. Ба гуфти мақомот, “қарзҳои додашуда 21 дарсад, бақияи пасандозҳо 2,2 дарсад нисбат ба соли гузашта” афзоиш кардаанд. Гуфта мешавад, ҳар қадар “ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад”. Дар хабар наомадааст, ки ин қарзҳо барои рушди тиҷорат дода шудаанд ва ё ба сифати қарзҳои истеъмолӣ барои мардум. Ҳамчунин маълум нест, ки маблағи бақияи пасандозҳо ба чанд баробар будааст, зеро, барои мисол, агар бақияи пасандозҳо соли гузашта ба 1 миллион сомонӣ баробар бошад, рушди 2,2 дарсадии он ҳамагӣ 22 ҳазор сомонӣ мешавад.

Аввали моҳи феврали соли ҷорӣ расонаҳои давлатӣ хабареро бо унвони пурдабдадаи “Бадахшон-дарвозаи тиллоии Тоҷикистон. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди беш аз 1000 иншоот дар назар аст” нашр карданд. Ба қавли ҳукумати ин вилоят, дар ду соли охир бо маблағгузории ҳукумати кишвар дар ҳудуди ВМКБ 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд. Тибқи нақша, “ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ” дар назар аст. Кадом намуди иншоотҳо сохта мешаванд, маълум нест. Қаблан, раисҷумҳур дар маросими кушодани ҳоҷатхонаи мактаб ширкат карда буд онро “иншооти замонавии беҳдошт” номида буданд. Дар ивази ин ҳама “дастовардҳо”, ҳукумат талаб кардааст, ки “аҳли ҷомеа, хусусан олимону донишмандон, зиёиён ва омӯзгорону устодони соҳибмаърифат” бо ақидаву андешаҳои асоснок “муборизаи иттилоотӣ баранд”, яъне сиёсати “пешвои муаззам”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ намоянд. Зоҳиран, ин кӯшиши ҳукумат бар зидди фаъолони бадахшонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекунанд, нигаронида шудааст ва ба назар мерасад, таъсиси як “фермаи ҷавоб”-и наве хос барои Бадахшон дар назар аст ва баъид нест, аъзои ин “ферма” бо забонҳои помирӣ ба мухолифони бадахшонӣ “ҷавоб” гардонанд.

Ин хабарҳо бо кадом ҳадаф нашр мешаванд?

Ба назар мерасад, ҳукумат бо нашри хабарҳои иқтисодӣ ҳадафҳои зерро амалӣ карданист:

  1. Вонамуд кардани рушди босуботи иқтисодиёти Бадахшон.
  2. Таъкид бар он, ки ҳукумати кишвар ва дар раъси он раисҷумҳур Раҳмон нисбат ба ин вилоят ғамхору мушфиқ аст.
  3. Расонидани паём бар мардуми Бадахшон, ки дар фикри тағйироту ислоҳоте набошанд, чун ҳукумат ҳамеша дар фикри рушду ислоҳот дар ин вилоят аст. 
  4. Расонидани паём мухолифони сиёсатҳои ҳукумат оид ба он, ки минбаъд “фермаи ҷавоб” онҳоро мавриди ҳадафи худ қарор хоҳад гирифт.

Расонаҳои давлатӣ дар нашри “хабарҳои хуш” дар мавриди маҳфилҳои рақсу бозӣ дар Бадахшон низ дасткӯтоҳӣ накарданд. 

Барои мисол моҳи январ агентии давлатии Ховар хабар дод, ки “дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд”. Ба қавли манбаъ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ, “чорабинии идонаи бошукӯҳ” доир гардид. 

Аз ҷумла, 7 март расонаҳои давлатӣ таъкид кардаанд, ки “шароити кору зиндагии занону духтарони Бадахшон беҳтар гардидааст”. Мақомот хеле дар мавриди “фаъолгардонии нақши занон”, “фаъолияти занони мамлакат дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ” ва “нақшу саҳми модарон дар рушду тараққии ҷомеа” лофу газофи зиёде заданд. Чунин бардошт натиҷаи  “чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ”, яъне рақсу бозии навбатӣ будааст, ки дар Хоруғ ҷой доштааст.

Ҳамчунин, мақомот боз чанд лофу газофи зиёди дигаре низ заданд, аз ҷумла дар мавриди “нахустин парвози ҳавопаймо дар чанд соли охир” ба Бадахшон,  рушди “соҳаҳои қутоспарварӣ, моҳидорӣ ва боғпарварӣ”, таҷлили “ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд”, ки боз ҳам дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ  сурат гирифтааст, “3 автобуси нав туҳфа карда” шудан ва ба роҳ баромадани онҳо дар Шуғнон ва Ишкошим, навсозӣ шудани “кӯдакистони маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ” ва якчанд хабаре дар бораи “кӯмакҳои инсонӣ” дар пасманзари тармафароӣ дар Бадахшон. 

Аксарияти хабарҳои соли ҷорӣ дар зеҳни хонандагон чунин манзараеро тасвир карданӣ мешаванд, ки мардуми ин вилоят аз зиндагии хушу беғам ва шароити иқтисодии хуб ҳамеша аз шодиву хурсандӣ рақсу бозӣ мекунанд. 

Нашр шудани чунин “хабарҳои хуш” аз тарафи ҳукумат чанд ҳадаф дорад:

  1. Ба ҷаҳониён ва хусусан фаъолону мухолифони сиёсати ҳукумат ба намоиш гузоштани он, ки мақомот вазъиятро пурра дар контроли худ қарор додаанд.
  2. Ҳамчунин таъкид бар он, ки мардуми Бадахшон аслан бо ин ҳукумату чунин вазъият шоду хурсанд ҳастанд ва ба суханҳои “гурӯҳҳои ҷиноятӣ”, ки ҳукумат фаъолону озодандешонро чунин тамға задааст, гӯш намекунанд.
  3. Ба чоплусону тарафдорони худ паём мефиристад, ки агар сиёсати моро тарафгирӣ кунед, барои шумо ҳамеша рақсу бозӣ, ҷашни иду чорабинӣ ва як каме сармоягузорӣ ҳам ташкил мешавад.

Хулоса, ҳукумати кишвар дар робита ба мардуми Бадахшон, ба таъбири маъруф, аз сиёсати “қамчин ва қанд” (метод кнута и пряника) истифода мебарад. Дар ин ҳолат, “қамчин” барои равшанфикрону озодандешон, рӯзноманигорону блогерон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпарварон, ки ҳатто расман узви ҳизбҳои мухолиф нестанд, кор фармуда мешавад. Аммо бар чоплусон, бахусус “олимону донишмандон, зиёиён ва омӯзгорону устодони соҳибмаърифат” аз тарафи ҳукумат “қанд” дода мешавад, ки мардумро ба чоплусӣ, сукут ва сархамӣ даъват кунанд. 

Худи ин далел, ки ду моҳ қабл дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ мардуми Бадахшон барои адолатхоҳӣ даст ба гирдиҳамоии мусолиматомез зада буданд ва дар натиҷаи саркӯби бераҳмонаи мақомот чанд нафар кушта шуданду даҳҳо нафар захмӣ, “бошукӯҳ” таҷлил кардани иди Сада ба монанди рақс дар болои қабри он фаъолон аст. Ин ҳам паёми дигаре ба озодандешону равшанфикрон мефиристад, ки “мо шуморо маҳв мекунем ва болои қабратон мерақсем”. Ховар низ қайд кардааст, ки “сада — ин пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, некӣ бар бадӣ” мебошад. Яъне ҳукумати кишвар “рӯшанӣ, гармӣ ва некӣ” будаасту дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бар “зулмот, сардӣ ва бадӣ”, ё худ озодандешону адолатхоҳон пирӯз шудааст ва онро бо рақсу бозӣ ҷашн гирифтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *