Айни замон дар сарҳади Тоҷикистон барои боркашонии байнулмилалӣ танҳо 7 гузаргоҳ амал мекунад. Се нуқта дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон, дуто — дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва яктогӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистону Чин фаъолият доранд.
Дар ин бора, рӯзи 26 май дар як вебинар дар мавзӯи “Транзити байнулмилалӣ ва боркашонӣ дар шароити паҳншавии COVID-19” Фаррух Неъматзода, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумот дод.
Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи машваратчиёни касбии Тоҷикистон ташкил шуд, гуфта шуд, ки бар асари вазъияти ҳозираи вобаста ба коронавирус фаъолияти постгоҳи назоратӣ (Қулма) дар марзи Тоҷикистону Чин ҳанӯз аввали моҳи апрел қатъ гардида буд.
Ба гуфтаи Фаррух Неъматзода, фаъолияти ин нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ аввали моҳи майи ҳамин сол барқарор карда шуд. Аммо, бо пешниҳоди Чин ин постгоҳ танҳо барои боркашонии контейнерҳо корашро барқарор намуд.
Бино ба гуфти Неъматзода, айни замон ҷониби Чин масъалаи гузаштани борро аз постгоҳи “Қулма” бо усули ивази ядак (притесп) ё нимядак (полупритсеп) баррасӣ дорад. Ядаки Чин борро то сарҳад оварда, сипас он ба ядаки ватанӣ васл мешавад ва бор то нуқтаи таъинот расонида мешавад.
Яке аз қоидаҳо ҳатман аз тест гузаштани ронандагон зимни вуруд ба қаламрави ҷумҳурӣ буда, дар ҳамин ҳол, гувоҳномаҳои дар бораи солимӣ додашуда дар кишварҳои дигар ба инобат гирифта намешаванд.
Ба гуфти Неъматзода дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 4 моҳи соли равон ҳаҷми боркашонии байнулмилалӣ дар умум ба андозаи қариб 15% коҳиш ёфтааст.
Сообщение ПАЁМ.net.