Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ва намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз паноҳгоҳҳои ин давлати арабӣ ба ватан мулоқот кардааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.
Дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарон ва фарзандони ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДОИШ ҳастанд.
Зубайдулло Зубайдзода гуфт, ҳоло дар Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва изҳори умедворӣ намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баргардонида хоҳанд шуд.
Занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” давоми солҳои 2017-2018 ба дасти нерӯҳои худдифои курд асир афтоданд ва ҳоло дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон карданд, ки тарҳи баргардонии занону кӯдакон омода шудааст, вале то кунун ҳеҷ зану кӯдакро аз ин кишвари ҷангзада пас нагардонидаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бӯҳрони коронавирус сабаб шуд, ки ин тарҳ сари вақт амалӣ нашавад.
Мулоқоти намояндаи Тоҷикистон бо ҳукумати Башор Асад барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон борҳо сурат гирифтааст.
Аммо паноҳгоҳҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, зери назари нерӯҳои худдифои курд қарор доранд. Ин нерӯҳо ба ҳукумати Башор Асад итоат намекунанд ва мустақилона амал мекунанд. Аз ин рӯ, ба назари коршиносон, мулоқот бо намояндаҳои ҳукумати Башор Асад таъсири зиёд надорад.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд. Беш аз 570 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.