Рубрики Хабарҳо

Созмони милал: буҳрони коруно даҳҳо сол пешрафти ҷаҳонро аз байн мебарад

Санади ҳадафҳои тавсеаи пойдори Созмони милали муттаҳид ҷомеътарин қарордоде аст, ки дар он ба роҳҳои поён додан ба фақр, нобудии муҳит зист ва нобаробарӣ дар дастрасӣ ба омӯзиш пардохта шудааст, аммо буҳрони коруно ояндаи ин ҳадафҳоро тира кардааст. 

Бар асоси ҷадидтарин гузориши Созмони милали муттаҳид пондемии коруно башариятро даҳаҳо дар коҳиши фақр, муқобила бо камбуди имконоти дармонӣ, беҳдоштӣ ва омӯзишӣ ба ақиб рондааст. Соли 2015 мелодӣ, яъне панҷ сол пеш, ҷомеаи ҷаҳонӣ дастёбӣ ба ин ҳадафҳоро вазифаи пеши рӯйи худ қарор дод. 

Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони милал мегӯяд дар поёни соли гузаштаи мелодӣ ҷаҳон аз бардоштани гомҳое, ки лозимаи расидан ба аҳдофи 17-гонаи тавсеаи пойдор то соли 2030 буд, ақиб афтода буд. Аммо ҳоло пондемии коруно башариятро дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо буҳроне рӯбарӯ карда, ки то ба ҳол собиқа надоштааст. Ин буҳрон дастёбӣ ба аҳдофи таъйиншуда дар санади тавсеаи Созмон милалро ба чолиши бисёр душвортар аз пеш табдил кардааст. 

Бар асоси ин гузориш дар соли ҷорӣ эҳтимолан 71 миллион инсон муҷаддадан дар радаи ҷамъияти фақири ҷаҳон қарор мегиранд. Аз соли 1998 ин аввалин бор аст, ки ҷаҳон бо чунин афзоише дар густариши фақр рӯбарӯ мешавад. Ҳамчунин кори кӯдакон пас аз даҳаҳо бори дигар афзоиш меёбад. Созмони милал ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки садҳо ҳазор нафар, ба вижа фуқаро, нотавонҳои ҷисмӣ ва занон дар ҷаҳон ба хотири адами дастрасӣ ба имконоти дармонӣ ва воксин ҷони худро бар асари коруно аз даст хоҳанд дод. 

Беш аз як миллиард инсон дар зоғаҳо, ба хотири истифода аз туалетҳои муштарак ва васоили ҳамлу нақли умумии пуриздиҳом дар хатари ин буҳрон қарор доранд. Баста шудани мадорис 90 дарсади донишомӯзон дар саросари ҷаҳонро бо мушкилоти бисёре рӯбарӯ кардааст. Ин яъне як миллиарду 570 миллион кӯдак ва навҷавон. Аз ин идда 370 миллион нафар аз як ваъда ғизое, ки дар мадраса ба онҳо дода мешуд, маҳрум шудаанд. 

Алорағми ҳамаи инҳо, гузориш ба бархе пешрафтҳо то поён соли 2019 низ ишора кардааст; Аз ҷумла пешрафт дар саломати модарон ва кӯдакон, дастрасӣ ба электрисита ва афзоиши шумори занон дар мақомҳои давлатӣ. Пешрафтҳое, ки ҳоло бо афзоиши мушкилот барои таъмини маводи ғизоӣ барои бахшҳои бузурге аз ҷомеъаҳо, нобуди муҳит зист ва беадолатии шадид дар бархе кишварҳо таҳдид мешавад. 

Аз ҷумлаи аҳдофи 17-гонае, ки дар соли 2015 дар иҷлоси Созмони милали муттаҳидд дар дастури кори кишварҳо то соли 2030 қарор гирифт, мубориза бо гуруснагӣ, баробарии ҷинсӣ ва мубориза бо буҳрони обуҳаво буд. Мушкилоте, ки ғалаба бар онҳо танҳо бо ҳамкории муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *