Рубрики Хабарҳо

Омори марг аз коруно аз сад ҳазор гузашт. Дунё дар остонаи рукуди бузург

Дар ҳоле, ки омори марг бар асари коруно дар дунё ба ҳудуди сад ҳазор нафар ва мубталиён ба беш аз як миллиону шашсад ҳазор нафар расида, Сандуқи байналмилалии пул ҳушдор дод иқтисоди ҷаҳонӣ ба самти рукуде ба шиддати рукуди бузурги даҳаи 1930 меравад. Дар ҳамин ҳол омори тоза нишон медиҳад, дар чанд ҳафтаи гузашта дар Амрико ҳабдаҳ миллион нафар бекор шудаанд. 

Бо идомаи шуйӯъи коруно ва эъмоли маҳдудиятҳои рафтуомад ва таътилиҳои густурда дар бисёре аз кишварҳои дунё, авзоъи иқтисодӣ рӯз ба рӯз чашмандози номатлубтар пайдо мекунад. 

Дар ҳамин ҳол вазирони иқтисоди иттиҳодияи Аврупо, ки дирӯз бар сари як барномаи изтирории иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд, аз он истиқбол карданд. Ин вазирон дархости Итолиё барои интишори авроқи қарзии аврупоӣ, ки бадиҳиҳои таваққуфи фаъолиятҳои иқтисодиро саршикан кунад напазируфтанд. Олаф Шолтс вазири иқтисоди Олмон гуфт тавофуқ бар сари ин барнома нишонаи ҳамбастагӣ ва қудрати Аврупо аст. Роберто Гуалтири вазири иқтисоди Итолиё ҳам аз ин тавофуқ истиқбол кард, аммо гуфт кишвараш ба думболи хостаҳои бештаре аст. 

Агар ин тавофуқ ба тасвиби ниҳоӣ бирасад, понсад миллиард доллар фавран барои ҷилавгирӣ аз варшикастагиҳо омода буд. Ин пул аз тариқи созу кори мавриди алоқаи Олмон ба номи созу кори суботи аврупоӣ фароҳам мешавад, ки ҳашт сол пеш шакл гирифт. Бо ин ҳол бонки марказии Аврупо мӯътақид аст ин шавқмандкуниҳои иқтисодӣ кофӣ нестанд, ҳатто бо дар назар гирифтани 110 миллиард долларе, ки муваққатан барои пардохти вом ба ҷуброни бекории васеъи мардум пешниҳод шудааст. 

Дар ҳамин ҳол Олмон ва Фаронса ду иқтисоди бузурги Аврупо худро омодаи рукуди иқтисодии дардноке мекунанд ва тавлиди нохолиси миллии ин кишварҳо дар ҳадди бесобиқае коҳиш ёфтааст. Дар Олмон интизор меравад дар се моҳаи дувуми соли 2020 иқтисоди ин кишвар даҳ дарсад кӯчактар шавад ва коҳиши тавлиди нохолиси миллии ин кишвар ду баробари буҳрони молии ҷаҳонӣ дар солҳои 2008 ва 2009 бошад. 

Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад яке аз вокунишҳои русҳо ба буҳрони коруно нӯшидани алкул будааст. Ба гуфтаи як ниҳоди фаъол барои коҳиши масрафи нӯшиданиҳои алкулӣ, масрафи водка дар ҳафтаи охири март, як севум ва виски панҷоҳ дарсад бештар аз соли гузашта дар ҳамин вақт будааст. Ин ниҳод мегӯяд беш аз ду севвуми русҳо нӯшидани алкулро дар пешгирӣ аз ибтило ба коруно муассир медонанд. Дар баъзе манотиқи Русия фурӯши нӯшиданиҳои алкулӣ маҳдуд ё мамнуъ шудааст. 

Кубоиҳо,ки чандин даҳа аст ба иллати таҳримҳои Амрико дар шароити камбуд ҳастанд акнун бо маҳдудиятҳои бештаре ҳам мувоҷиҳ шудаанд. Ҳамлу нақли умумӣ дар тамоми ин ҷазира мутаваққиф ва задани моск иҷборӣ шуда ва супермаркетҳои бузург барои ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми мардум барои харид таътил шудаанд. Ба бархе аз фурӯшгоҳҳо ҳам гуфта шуда аз фурӯши молҳое, ки зарурӣ нестанд худдорӣ кунанд. Бо ин ҳол нишонае дар даст нест, ки Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико бихоҳад бо сабук кардани кардан таҳримҳо кумаке ба вазъияти иқтисодии ин кишвар кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *