Categories Хабарҳо

Норасоии омӯзгорон дар мактаб ҳатто мақомоти лофзанро нигарон кардааст

Норасоии муаллимон дар мактабҳо тибқи гуфтаи мақомот нигаронкунанда аст. Бо вуҷуди ваъдаи имтиёзҳо, аз ҷумла ваъдаи додани замини наздиҳавлигӣ хоҳишмандони кор дар мактабҳоро бештар накардааст. Коршиносон чанд сабаби тарки мактаб кардани муаллимонро номбар мекунанд ва мегӯянд беҳбуди вазъ дар чанд соли оянда баъид аст. 

Барои мисолл, тибқи иттилои нашрияи Фараж дар ноҳияи Дӯстӣ  8 омузгори фанҳои забони русӣ , 15 нафар омузгори забони англисӣ,  3 нафар омузгори фанни химия, 3 нафар физика, 5 нафар омузгори фанни  математика ва технологияи иттилоотӣ 3 нафар намерасад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ноҳия Нишонзода Даврон, дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ гуфтааст, чанде пеш  дар арафаи иди касбии омӯзгорон ба 30 нафар омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дода буданд.

Масъулин ба ин назар буданд, ки ин иқдом заминаи мусоидест баҳри бартараф кардани норасоии кадрӣ, аммо интизориашон бароварда нашуд. 

Шароити зиндагии муаллимон, ки байни солҳои 2009-2015 каме беҳтар шуда буд, дубора ба сатҳи аввали солҳои 2000-ум баргаштааст. Бо вуҷуди лофҳои мақомот, аз ҷумла раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи боло рафтани моҳонаи муаллимон, қудрати харидории муаллимон нисбат ба 5-7 соли пеш бамаротиб камтар шудааст.

Мақомот зимни лофзаданҳо дар бораи болоравии маош, танҳо ҳаҷми маблағ ба сомониро эълон мекунанд, аммо таваррум, беқурбшавии пули миллӣ ва омилҳои дигареро, ки қудрати харидории муаллимонро камтар мекунад, ба назар намегиранд.

Ҳамчунин ҷалби муаллимони ҷавон ба артиш, “облава”-и хонандагон аз мактаб қабл аз хатми он ва ғайра боис шудааст муаллимони зиёде ҳиҷратро бар кор дар макотиб тарҷеҳ диҳанд. 

Коршиносон ба  ин назаранд, ки барои ислоҳи вазъ ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ на танҳо дар соҳаи маориф, балки сиёсати давлат пеш омадааст. Аммо чашм доштани ислоҳот аз ҳукумати фарсуда ва фасодзадаи Эмомалӣ Раҳмонро интизории беҳуда медонанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *