Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин: Русия минтақаи Луганскро ба таври комил тасарруф кард

Дар ҳоле ки субҳи дирӯз гуфта мешуд даргирии шадид миёни нерӯҳои Русия ва Укроин ба вижа дар шаҳри Лисичанск ҳамчунон идома дорад: Хабаргузориҳои Русия эълом карданд, ки Сергей Шойу, вазири дифоъи Русия ба Владимир Путин иттилоъ додааст, ки “контроли комили шаҳри Лисичанск ба даст гирифтанд”. 

Ҳамзамон мақомоти Русия рӯзи якшанбе аз вуқуфи инфиҷор дар шаҳри марзии Белгород дар хоки Русия хабар доданд. 

Охирин таҳаввулот, хабарҳо ва дидгоҳҳои муртабит бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯзи якшанбе севум июл 2022-ро дар ин гузориш думбол кунед. 

Ҳамалоти мушакии Русия ба Славянск теъдоди зиёде кушта бар ҷой гузошт 

Вадим Лёх, шаҳрдори шаҳри Славянск, мегӯяд дар пайи ҳамалоти мушакии нерӯҳои Русия ба ин шаҳр, теъдоди зиёде аз мардум кушта ва афроди бештаре ҳам маҷрӯҳ шудаанд. 

Ҳанӯз омори дақиқе аз теъдоди куштаҳо ва маҷрӯҳон эълом нашуда аммо шаҳрдори Славянск мегӯяд дар пайи ин ҳамалот дасти кам 15 оташсӯзӣ дар нуқоти мухталифи шаҳр мушоҳида шудааст. Ў ҳамчунин таъкид кард, ки ин шадидтарин гулӯлаборони шаҳр аз замони оғози ҳамалоти Русия ба ин минтақа будааст. 

Нахуствазири Австралия: ҳамалоти Русия ба Ирпин “ҷинояти ҷангӣ” аст 

Энтони Албаниз, нахуствазири Австралия, ки ба Укроин сафар карда аз вайронаҳои шаҳри Ирпен дидан кард. Албаниз пас аз мушоҳидаи сохтмонҳои вайрон ва тахрибшуда дар натиҷаи гулӯлаборони Русия таъкид кард, ки ин ҳамалот мисдоқи ҷинояти ҷангӣ аст. 

Ӯ ҳамчунин дар идома гуфт: “мо ин ҷо ба вузӯҳ сохтмонҳои маскуниро мебинем, ки мавриди ҳадафи ҳамалоти ваҳшиёна қарор гирифтаанд. Инҳо ҷиноёти ҷангӣ ҳастанд.” 

Сухангӯи Кремл: Ғарб, иҷоза намедиҳад укроиниҳо ҳатто ба сулҳ фикр кунанд 

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл мегӯяд кишварҳои ғарбӣ далели аслии тӯлонӣ шудани ҷанг ва ҳамчунин монеъи муҳим бар сари роҳи сулҳ бо Укроин ҳастанд. 

Песков дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии Русия ҳамчунин гуфт: “кишварҳои ғарбӣ рӯйи идомаи ҷанг шартбанди кардаанд ва ба ҳамин далел иҷоза намедиҳанд сулҳ бо Укроин ҳосил шавад.”  

Ӯ ҳамчунин бо интиқод аз Иёлоти муттаҳида гуфт: “Ғарб ба раҳбарии Иёлоти муттаҳида ба укроиниҳо иҷоза намедиҳад, ки ҳатто укроиниҳо дар бораи сулҳ фикр кунанд, чӣ бирасад ба ин ки бихоҳанд дар ин хусус баҳс ва гуфтугӯ намоянд.” 

Русия муддаӣ шуд минтақаи Луганскро ба таври комил тасарруф кардааст 

Вазири дифоъи Русия дирӯз иддао кард, ки нерӯҳои Маскав охирин шаҳри бузурги таҳти контроли Укроин дар устони Луганскро тасарруф кардаанд. 

Ба гузориши хабаргузориҳои Русия, Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ба Владимир Путин иттилоъ додааст, ки “дар натиҷаи амалиёти низомии муваффақ, нерӯҳои мусаллаҳи федератсияи Русия ба ҳамроҳи воҳидҳои шибҳинизомии Ҷумҳурии халқии Луганск, контроли комили шаҳри Лисичанскро ба даст гирифтанд”. 

Дертар укроиниҳо тасарруфи Лисичанск аз ҷониби Русияро таъйид карданд. Ин ба он маънист, ки русҳо контроли кулли минтақаи Луганскро дар даст доранд. 

Лукашенко муддаии раҳгирии мушакҳои укроинӣ дар хоки Беларус шуд 

Ба гузориши хабаргузории давлати “Белта”, Александр Лукашнеку раисҷумҳури Беларус рӯзи шанбе гуфт Укроин се рӯз пеш талош кардааст то ба таъсисоти низомӣ дар хоки Беларус ҳамла кунад, аммо тамоми мушакҳои ин кишвар раҳгирӣ шудааст. 

Лукашенку, ки мадраке барои ин иддао ироа накард, гуфт Беларус хоҳони ҷанг бо Укроин нест. 

Иддаои ҳамлаи Укроин ба шаҳри марзии Белгород дар Русия 

Фармондори шаҳри марзии Белгород дар Русия рӯзи якшанбе хабар дод, ки ин минтақа мавриди ҳамлаи Укроин қарор гирифтааст. Иқдоме, ки аз сӯи яке аз намояндагони Русия ба унвони “иқдоми таҷовузкоронаи мустақим аз сӯи Укроин” талаққӣ шудааст. 

Белгород дар Русия бо ҷамъияте дар ҳудуди 400 ҳазор нафар дар чиҳил километрӣ аз марзи Укроин ва дар ҳамсоягӣ бо устони Харков дар Укроин аст. 

Бино ба изҳороти мақомоти маҳаллии Русия, дар ин ҳамла дасти кам се нафар кушта шуданд ва ёздаҳ сохтмон ва 39 манзили шахсӣ осеб дидаанд. 

Ҳанӯз мақомоти расмии Киев дар мавриди ин инфиҷорҳо вокуниш нишон надодаанд

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *