Рубрики Pressa

Истеҳсоли беш аз 7 ҳазор тонна равғани растанӣ дар се моҳ


Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 7 ҳазору 566,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол  шудааст.  Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли  гузашта 6 ҳазору 670,8 тонна равғани растанӣ истеҳсол шуда буд.

Дар ин бора аз Агентиии омори назди Президенти  Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳоло дар кишвар  панҷ зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешаванд. Аз  ҷумла, зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд.

Мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, меъёри равғани рустанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян карда шудааст.

Аммо бо вуҷуди ин, равғани растанӣ бештар воридотист ва асъор ба хориҷ меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *