Хабару матолиб дар расонаҳо дар бораи гирифторӣ ба “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон ба сархати расонаҳо баромадаанд. Ҳамаи расонаҳои Тоҷикистон, чӣ онҳое, ки дар кишвар қарор доранд ва чӣ дар хориҷ аз он, беш аз ҳама дар ин бора менависанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуди бемории COVID-19 дар Тоҷикистонро эътироф накардаанд ва ҳамаи маргу мирҳову беморхонаҳои пур аз беморро ба “илтиҳоби шуш” рабт медиҳанд.
Чун хабарҳои вобаста ба “илтиҳоби шуш” бештар аз онанд, ки хонанда тавонад ба ҳамаи онҳо расидагӣ кунад, Паём тасмим гирифт ин хабарҳоро ҷамъоварӣ ва дастраси хонандагон намояд.
1. Сойти “Озодандешон” мақолаеро бо қалами Темур Варқӣ , ки дар он гуфта мешавад ҳар рӯз дар Тоҷикистон на кам аз 100 ҳолати гирифторӣ ба вируси коруно ба қайд гирифта мешавад. Тамоми беморхонаҳое, ки дар шаҳру навоҳӣ ва пойтахти кишвар барои бистарӣ кардани гирифторони COVID-19 омода карда шуда буданд, пур буда, имкони қабули беморони навро надоранд. Беморхонаи “Истиқлол”, ки махсус барои ин беморӣ холӣ карда шуда буд, бинобар камбуди ҷойхоб аз ҳисоби госпитали ҳарбӣ васеъ карда мешавад.
Ин сойт бо истинод ба табибони тоҷик навиштааст, ки онҳоро маҷбур мекунанд ба мардум дурӯғ гӯянд ва вуҷуди вирус дар Тоҷикистонро рад кунанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи табибон, вирус на танҳо шуйӯъ кардааст, балки контроли он аз дасти мақомот хориҷ шудааст.
2. “”Паём” бо истинод ба манобеъаш , раисҷумҳури Тоҷикистон дар паноҳгоҳе дар ноҳияи Данғара, ки махсус барои ҳолатҳои фавқулъода омода гардидааст, пинҳон шудааст. Вазирону раисони кумитаҳо, муовинони онҳо ва умуман аксари мансабдорони Тоҷикистон худро ғайрирасмӣ карантин кардаанд ва аз рафтан ба ҷои кор худдорӣ мекунанд. Хабаргузорӣ аз чанд вазорат мисол овардааст, ки роҳбаронаш ҳафтае як ё ду бор дар идора барои чанд дақиқае пайдо мешаванд. Ба навиштаи Паём, ниме аз кормандони Додситонии кул бо шумули Юсуф Раҳмон ва муовинонаш беш аз як ҳафта аст, ки дар ҷои кор дида намешаванд.
3. Сойти “Радиои Озодӣ” мақом ва таъйиноти Беморхонаи марказии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз муассисаи умумӣ ва гуногунриштаи тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои роҳи нафас ва асосан илтиҳоби шуш ё пневмония табдил дода шуд. Гуфта мешавад, дар чанд рӯзи гузашта зиёда аз 100 нафар бо таби баланд ва нишонаҳои илтиҳоби шуш дар ин ҷо барои муолиҷа бистарӣ шудаанд.
“Чанд манбаъ дар Хуҷанд гуфтанд, беморони маъмулӣ ба истиснои онҳое, ки давраи пас аз ҷарроҳиро ба сар мебаранд, рухсат шуда, барои қабули гирифторони илтиҳоби шуш 700 рахти хоб омода гардид. Онҳое, ки нимрӯзии 25-уми апрел аз Беморхонаи марказии вилояти Суғд дидан карданд, мегӯянд, даромадгоҳҳои онро посбонӣ мекунанд ва танҳо афрод ва нақлиёти муайян ҳаққи вуруд ба ҳудуди онро доранд” — омадааст дар гузориш.
4. Хабаргузории “Азия Плюс” аз ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар шаҳри Хуҷанд бо раҳбарии Маъруф Муҳаммадзода , ки дар он Маъруф Муҳаммадзода таъкид кардааст баҳри пешгирии бемории сироятӣ масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.
5. “Паём” аз марги табиби шӯъбаи терапевтии беморхонаи ноҳиявии Зафаробод Баротқулов Мардонқул рӯзи ҷумъа, 24 апрел бо нишонаҳои бисёр шабеҳ ба вируси коруно ва ҳамшираи шафқати дармонгоҳи ноҳиявии ҳамин ноҳия Суярқулова Хосият ва бистари шудани фарзандони ӯ .
6. “Радиои Озодӣ” , ки ҳудуди бист зиндониро аз маҳбасҳои рақами 1-и Душанбе ва 2-и шаҳри Ваҳдат пас аз шикоят аз таби баланд ба карантин гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод дарди гулӯ доранд, вале илтиҳоби шуш ё пневмония нестанд. Пештар бархе аз пайвандони зиндониён аз таби баланд доштани наздиконашон дар маҳбас хабар дода буданд.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфтааст ташхисҳо нишон доданд, ки тақрибан бист маҳбус гулӯдард ҳастанд.
7. “Азия Плюс” бо истинод ба Вазорати маориф , ки дар сурати эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарсҳо барои хонандагон тариқи онлайн ё телевизион гузаронида мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати маориф маркази фосилавӣ ташкил шуда, ҳамаи барномаҳо барои намоиш тариқи телевизион омодаанд.
“Агар дар кишвар карантини умумӣ эълон шавад, дарсҳо бо телевизион ё онлайн намоиш дода мешаванд. Барои муассисаҳои таълимӣ барномаи дарсҳо омода аст”, — гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ.
7. Сойти “Ахбор” аз ошӯби тоҷикон дар боздоштгоҳи махсус дар шаҳраки Колтсово дар канори Екатеринбурги Русия . Омбудсмени вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова гуфтааст, сабаби асосии даст ба чунин эътироз задани муҳоҷирони боздоштшуда аз интизории зиёд дилгиру бетоқат шудани онҳост. Ӯ гуфт, дар ин боздоштгоҳ 130 муҳоҷир нигоҳ дошта мешаванд, ки 100 нафараш аз Тоҷикистон будаанд ва асосан тоҷикҳо эътироз кардаанд.
«Онҳо хеле норозианд ва чунин эҳсос мекунанд, ки ҳаққашон поймол шудааст. Як ҳавопаймо бо ихроҷшудаҳо ба Ӯзбекистон парвоз кард. Мо дар он 152 нафарро фиристодем, Як ҳавопаймо муҳоҷирони қирғизро ба Қирғизистон бурд. Вале ҳеҷ не ки ҳавопаймо аз Тоҷикистон биояд. Муҳоҷирони тоҷик аз интизории зиёд дар боздоштгоҳ хаста шудаанд,» — гуфтааст Татяна Мерзлякова.
8. “Паём” дар ноҳияи Истаравшан «Беморхонаи марказии байниноҳиявии бемориҳои дил» воқеъ дар деҳаи Сӯфӣ Ориф, “Беморхонаи терапевтии бачагонаи №2”, «Беморхонаи бемориҳои асаб» дар деҳаи Қалъачаи Араб (дар байни халқ бо номи боғи исполком маъруф аст) пур аз бемороне аст, ки онро мақомоти тандурустии ноҳия “сурфа” ташхис кардаанд. Ин беморхонаҳо ҳеҷ бемори дигареро қабул намекунанд.
9. “Азия Плюс” бо истинод сарвари Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе мавсум ба “1-ум Советский” Хуршед Рустамзода , ки то имрӯз, 27-уми апрел “319 нафарро ба гумони мубталоӣ ба сирояти бемории илтиҳоби шуш қабул кардааст, ки 136 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд”. 11 нафар аз ин беморон ҷони худро аз даст додаанд.
10. “Радиои Озодӣ” аз марги вакили дифоъ Комилҷон Ибодуллозода (Солиев), ки чанде пеш аз шаҳри Душанбе баргашта буд ва табиби 68-сола Набиҷон Отаев дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд хабар .
Гуфта мешавад Комилҷон Ибодуллозода домоди пизишки шифохонаи ноҳия Ғиёсиддин Ҳабибов буд, аммо дар ҳоле ки падарарӯс ва дигар наздиконаш муддатест дар карантин ба сар мебаранд, вай зери назари табибон наафтод.
11. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш бо пахши баёнияе ки вируси коруно дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва аллакай ба марҳалаи сеюми худ ворид шудааст.