Соли гузаштаи 2017 дар Аморати муттаҳидаи Араб зиёда аз се ҳазор сайёҳон ва хориҷиёне, ки дар ин кишвар ба сар мебаранд, ба дини мубини ислом гаравидаанд.
Дар ин бора интишороти хабар дода аст.
Тавре манбаъ менависад, гаравидани хориҷиёни ғайримусалмон ба ислом дар Аморати муттаҳидаи Араб, натиҷаи хидмати ҳадафмандонаи Созмони ҷамъиятии Дор-ул-Бар будааст. Ҳамчунин кормандони Маркази иттилоотии исломӣ дар Дубай ва шаҳри Раъс- ул- Хайма, барои пешрафти ин созмон кӯмак кардаанд.
“2785 нафар дар Дубай ва 229 нафар дар Раъс-ул- Хайма бо кӯшиши ин Созмон исломро қабул намудаанд”- гуфтааст Рашид ал-Ҷунайдӣ, роҳбари Дор-ул-Бар.
Ҷанайдӣ қайд намуд, ки Созмон асосан бо пешбурди фарҳанги таҳаммулпазирии исломӣ, бо роҳҳои дӯстона ба даъвати исломӣ машғул аст.
«Давоми сол, мо барномаҳои махсусеро, ки барои баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи Ислом мусоидат мекунад, ба роҳ мемонем, чорабиниҳои мухталиф барои дастгирии мусулмонони нав ташкил мекунем. Ба онҳо дар бораи асосҳои дин омӯзишҳо мегузаронем» — гуфтааст Ҷунайдӣ.
Ӯ афзудааст: “Сокинони мувақатии Аморати муттаҳидаи Араб, ки исломро қабул намудаанд, намояндагони 69 кишвар аз 6 қораи ҷаҳон мебошанд. Аз ҷумла сайёҳони 17 кишвари Осиё, 15 кишварҳои Африқоӣ, 27 кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, 2 кишвари Амрикои шимолӣ, 7 кишвари Амрикои ҷанубӣ ва Австралия дар Аморати мутаҳидаи Араб мусалмон шудаанд. Маркази иттилоотии исломӣ соли гузашта 3798 сӯҳбатҳои динӣ ва фарҳангӣ бо сайёҳон анҷом дода аст”.
“Кормандони Созмон дар 150 нуқта фаъолият мекунанд. Аксари нуқтаҳои фаъолиятӣ дар осорхонаҳо, марказҳои савдо, автобусҳо ва истгоҳҳои метро ҷойгир мебошанд”.- изҳор намудааст Ҷунайдӣ.
Тавре роҳбари Созмони ҷамъиятии Дор-ул-Бар гуфтааст, барои касоне, ки бо мусоидати ин созмон мусалмон шудаанд, гувоҳномаи махсус бо мӯҳри Суди олии АМА ва Вазорати дини ин кишвар дода хоҳад шуд.