Рубрики Хабарҳо

1000 сарбози амрикоӣ дар афғонистон боқӣ мемонад

Иёлоти Муттаҳида тақрибан 1000 сарбозашро дар Афғонистон боқӣ хоҳад гузошт

Иёлоти Муттаҳида нақшаи хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон то 11 сентябр эълон кард. Бо вуҷуди ин, бино ба хабарҳо, сафорати ИМА барои посбонии сафорат дар Кобул ва фурудгоҳ  ҳазор нафар  сарбозро  боқӣ мегузорад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чанд сарбози НАТО дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Интизор меравад, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА боиси зуҳури  Толибон ва авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандии ин кишвар шавад. Аммо ИМА мехоҳад ба ҳар ҳол нерӯҳои худро хориҷ кунад.  Ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Байден гуфт, ки намехоҳад тасмимашро иваз кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *