Рубрики Pressa

Тағироти кадрӣ дар мақомоти судӣ


Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Ҳотам Раҷабзода аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳусейн Баротзода  аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рашт, Манучеҳр Мирзозода аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷалолиддин Азизӣ  аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон озод карда шуданд.

Инчунин, бо амри Президент Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод гардид.

Дар бораи мақомҳои нави афроди барканоршуда ҳанӯз иттилоъ дастрас нест ва ин тағирти кадрӣ дирӯз, 29 сентябр сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *