Муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки Амина Муҳаммад яке аз чеҳраҳои пешсаф дар соҳаҳои рушди устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим аст. Ӯ дар ташаккули сиёсати ҷаҳонӣ оид ба иқлими одилона, ҳифзи муҳити зист ва таъмини дастрасии баробар ба захираҳои табиӣ нақши калидӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube