Мунтахаби футболбозони Тоҷикистон бозии шашуми худро бо тими Қирғизистон мусовӣ 1 бар 1 анҷом доданд ва дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “F” ҷой гирифтанд
Дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек, бозии даври 6-уми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Ғ” байни яккачинҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Голи тими Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 17-ум ба самар расонид. Дар дақиқаи 83-юм футболбоз аз дастаи Қирғизистон Козубаев ҳисобро баробар кард.
Ҳамин тавр рақобати мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Акнун баъди ин дидор мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 имтиёз шуда, дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳи “Ғ” қарор гирифт.
Мунтахаби Қирғизистон дар хазинаи худ 7 хол дорад, аммо бо фарқияти бештари тӯбҳо дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Феълан дар зинаи якуми ин гурӯҳ тими миллии Ҷопон бо дарёфти 12 хол ҷой гирифтааст.