Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст агар кишвараш бихоҳад ба думболи таслиҳоти ҳастаӣ биравад, Ғарб наметавонд пеши роҳи Теҳронро бигирад.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо интиқод аз ғарбиҳо гуфт: “сӯҳбат дар мавриди силоҳҳои ҳастаии Теҳрон дурӯғ аст ва онҳо онро медонанд.”
Хоманаӣ рӯзи якшанбе (11 июн) ин суханонро дар дидор бо ҷамъе аз коршиносон ва масъулони саноеъи ҳастаии Эрон баён кард.
Ӯ ин суханонро дар замоне баён карда, ки танишҳо миёни Ҷумҳурии Исломӣ ва Ғарб бар сари барномаи ҳастаии Эрон афзоиш ёфтааст.
Бар асоси гузориши пойгоҳи хабарии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, Хоманаӣ гуфт: “ҷомеаи иттилоотии Амрико чандин бор аз ҷумла дар моҳҳои ахир ба ин воқеъият эътироф кард, ки ҳеҷ нишонае аз ҳаракати Эрон ба самти сохти силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надорад.”
Алии Хоманаӣ силоҳи куштори ҷамъӣ, ҳастаӣ ва химиёвиро мухолифи омӯзаҳои Ислом хонд ва афзуд: “агар ин мабнои исломӣ набуд ва мо иродаи тавлиди силоҳи ҳастаӣ доштем, ин корро анҷом дода будем ва душманон ҳам медонанд, ки наметавонистанд ҷилави моро бигиранд.”
Хоманаӣ санъати ҳастаии Эронро аз нишонаҳои асосии қудрат ва эътибори ин кишвар донист ва гуфт: “ҳар кас Эрон ва қуввату пешрафти ин кишварро дӯст дорад, бояд ба фаъолиятҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва санъати ҳастаӣ эътибор ва аҳамият қоил бошад.”
Ғарб ба хусус Амрика, Эронро муттаҳам карда, ки ба думболи сохти силоҳи ҳастаӣ аст ва ба ҳамин далел аз солҳо пеш алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ таҳримҳои гуногун вазъ кардааст.
Эрон ҳамвора ин иттиҳомҳоро рад карда ва гуфта барномаи сулҳомези ҳастаӣ дорад ва ҳадафи он тавлиди энержӣ аст.