Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира. Ҳаҷҷатулвадоъ ва хутбаи он 

 Имом Муслим бо санади хеш аз Ҷобир (раз.) нақл мекунанд, ки “Паёмбар (с) дар Мадинаи Мунаввара нӯҳ сол истоданд. Баъд соли даҳум ба мардум эълон карда шуд, ки Паёмбар (с) ҳаҷ карданианд. Бо эълон шудани ин хабар мардуми зиёде ба Мадина ҷамъ мешаванд, ки мехостанд дар ҳаҷ аз паси Паёмбар (с) бошанду мислашон амал кунанд. Он ҳазрат (с) рӯзи бисту панҷуми моҳи Зулқаъда ба роҳ мебароянд. Ҳазрати Ҷобир дар идомаи суханашон мегӯянд: Вақте шутури Он ҳазрат (с) ба ҳаракат даромад, ба пешу пас ва чапу росташон нигаристам, ки чор тараф ба масофаи дидани чашм майдон пур аз савораву пиёда буд. Паёмбар (с) миёни мо буданд, ба он кас Қуръон нозил мешуд….”. 

Дар бораи чигунагии ҳаҷҷи Паёмбар (с)-ровиён ихтилоф кардаанд. Аҳли Мадина нақл мекунанд, ки Он ҳазрат (с) ҳаҷҷи ифрод карда буданд. Дигарон мегӯянд, ки ҳаҷҷи Он ҳазрат (с) ҳаҷҷи қирон буд. Иддае дигар ривоят мекунанд, ки Он ҳазрат (с) бо нияти умра ба Макка ворид шуда, баъд барои ҳаҷ ният кардаанд. 

Паёмбар (с) ба Макка аз самти боло аз роҳи Кудо дохил шуда, вақте ба дарвозаи Банӣ шайба мерасанд, Каъбаро дида, чунин мегӯянд: “Худоё, шарафу бузургӣ ва каромату ҳайбати ин Хонаро зиёда кун. Ҳар касеро, ки ба ин Хона ҳаҷ ва умра карда, онро гиромӣ медорад, шарафу каромат ва бузургиву ҳайбат ва хайри бештар ато намо”. 

Баъд Паёмбар (с) ҳаҷҷи худро идома дода, ба мардум маносики онро ёд медиҳанд ва барояшон равиши он баён мекунанд. 

Он ҳазрат (с) рӯзи Арафа барои ҷамъи мусулмононе, ки дар Арафот ба гирдашон ҷамъ омада буданд, хутбаи фарогире илқо намуданд, ки он чунин аст: 

“Эй мардум, (хуб) ба гуфтаҳои ман гӯш диҳед! Зеро шояд ман дар ин ҷо шуморо дигар набинам. Эй мардум, хунатон ва молатон бар шумо мисли ҳаром будани ин рӯзи ин моҳ дар ин шаҳр ҳаром аст. Бидонед, ки ҳама он, чӣ тааллуқ ба ҷоҳилият дошт, акнун зери пойи ман аст (яъне бекор аст). Хуни (қасоси) ҷоҳилият бекор аст, ва нахустин хуне, ки ман (қасоси) онро бекор мекунам, хуни Рабиа ибни Ҳорис аст. Судхӯрии ҷоҳилият бекор аст ва нахустин судхӯрие, ки бекор менамояд, судхӯрии Аббос ибни Абдулмутталиб аст. Инҳо ҳама бекоранд.

Эй мардум, Шайтон ноумед шуд, ки дигар дар ин диёри шумо ӯ парастида намешавад. Вале агар ба ӯ дар корҳои поёнтар аз он (парастиш) аз ҷумлаи корҳое, ки онро ҳақиру ночиз мешуморед, итоат кунанд, ба ин розӣ шуд. Бинобар ин, аз ӯ ба дини худ эҳтиёт кунед. Эй мардум, таъхир (дар моҳҳои ҳаром) зиёда кардан дар кофирӣ ва сабаби гумроҳ шудани кофирон аст. Онҳо онро як сол ҳалол мекунанд ва соли дигар  ҳаром, то бо ин роҳ ҳамон шуморе, ки Худо ҳаром кардааст, мутобиқ намоянду ҳаром кардаи Худоро ҳалол кунанду ҳаром кардаи Ӯро ҳалол. Акнун замон ба ҳамон шакле гашт, ки Худо рӯзи офариниши замину осмонҳо муқаррар карда буд. Як сол дувоздаҳ моҳ, ки аз он чаҳор тояш ҳаром аст. се моҳи пайиҳам: Зулқаъда, Зулҳиҷҷа, Муҳаррам ва  моҳи Раҷаб, ки байни ду Ҷимод ва Шаъбон аст. 

 (Эй мардум,) дар ҳаққи занон аз Худо битарсед. Зеро онҳоро бо аҳди Худо гирифтаеду бо ақди Худо фарҷи ононро бар худ ҳалол намудаед. Шумо бар онҳо ҳаққе доред ва онҳо низ бар шумо ҳаққе доранд. Ҳаққи шумо бар онон ин аст, ки касеро, ки ба шумо намефорад, ба хонаатон надароранд. Агар чунин карданд, онҳоро сабук занед. Ҳаққи онҳо бар шумо ин аст, ки аз рӯйи имкон онҳоро хӯронеду пӯшонед. 

Эй мардум, суханони маро (хуб) дарк намоед, зеро ман расонидам. Ман бар шумо чизеро боқӣ мегузорам, ки агар онро маҳкам бидоред, баъди он гумроҳ намешавед. Он Китоби Худо ва Суннати паёмбараш аст. 

Эй мардум, (ба амиронатон) гӯш кунеду итоат кунед. Агарчи бар шумо як ғуломи зангии ҷӯлидамӯйро амир гузоранд. Модоме ки ӯ бар шумо бо Китоби Худо ҳукм мекунад. 

(Эй мардум,) ғуломонатонро (эҳтиёт кунед), ғуломонатонро (эҳтиёт кунед). Ба онҳо аз он чӣ худатон мехӯред, низ хӯронеду аз он чӣ мепӯшед, пӯшонед. Агар онҳо ба ҷинояте даст зананд, ки шумо онро бахшидан намехоҳед, онҳоро бифурӯшед, бандагони Худоро азоб надиҳед. 

  Эй мардум, ба суханони ман гӯш диҳеду онро хуб дарк кунед. Бидонед, ки ҳар мусулмон барои дигар мусулмон бародар аст ва мусулмонон ҳама бародаранд. Аз ин рӯ, барои шахсе аз (моли) бародараш танҳо ҳамон чиз ҳалол аст, ки ӯ бо дили хуш бидиҳад. Ба худатон зулм накунед. Худоё, оё расонидам? Ба зудӣ бо Худо вомехӯред. Аз ин рӯ, баъди ман гумроҳ шуда, ҳамдигарро накушед. (ин гуфтаҳои маро) шахси инҷо буда, ба шахси набуда бирасонад. Зеро шояд касе, ки ҳоло несту аз расонанда мешунавад, аз касе, ин гуфтаҳоро мерасонад, онро хубтар фаҳмад. Шумо пагоҳ дар бораи ман пурсида хоҳед шуд. Шумо (дар бораи ман) чӣ мегӯед?”. Онҳо ҳама мегӯянд: Мо гувоҳӣ хоҳем дод, ки шумо (амонатро) расонидеду (ҳаққи онро) адо кардед ва (ҳеҷ) фиреб накардед. Сипас, Паёмбар (с) ангушти саббобаашонро ба осмон бардошта ва ба сӯйи мардум ишора карда се бор “Худоё, шоҳид бош” мегӯянд. 

Баъд Паёмбар (с) то ғуруби офтоб дар Арафот мемонанд ва сипас, ба Муздалифа раҳсипор мешаванд. Дар ин ҳол бо дастонашон ба мардум ишора карда, “Эй мардум, оҳиста, оҳиста” мегӯянд. Баъд намозҳои шом ва хуфтанро ҷамъи таъхир дар Муздалифа мехонанд ва ҳамон шабро дар он ҷо саҳар мекунанд. Сипас, пеш аз баромадани офтоб ба Мино мераванд ва бо ҳафт санг, ки бо задани ҳар яки он  такбир мегуфтанд, Ҷамраи Ақаба мезананд. Баъд ба ҷойи қурбонӣ кардан мераванд ва онҷо шасту се шутур забҳ мекунанд ва сипас боқимондаашро ба Ҳазрати Алӣ месупоранд, ки он кас қурбониро анҷом медиҳанд. (Яъне садро пурра мекунанд). 

Баъд Паёмбар (с) савор шуда, ба сӯйи Хонаи Каъба раҳсипор мешаванд ва намози пешинро ҳамон ҷо мехонанд. Сипас, аз назди Банӣ Абдулмутталиб мегузаранд, ки онҳо ба мардум оби замзам медоданд. Ба онҳо мегӯянд: “Эй фарзандони Абулмутталиб, ба мардум об додан гиред. Агар хавфи он намебуд, ки мардум оби Замзам доданро бо шумо талош мекунанд, ҳароина бо шумо обдиҳӣ мекардам”. Сипас, онҳо ба Он ҳазрат (с) низ оби Замзам медиҳанд ва он кас менӯшанд. 

Баъд Паёмбар (с) барои баргаштан ба Мадина ба роҳ мебароянд.

Панду андарзҳо 

Якум:  Паёмбар чанд бор ҳаҷ карда буданд? Ҳаҷ кай фарз шуда буд? Дар бораи он, ки Паёмбар (с) ғайр аз ин ҳаҷ боз ҳаҷ карда буданд, ихтилоф кардаанд. Зеро Имом Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ нақл кардаанд, ки Он ҳазрат (с) пеш аз ҳиҷрат ба Мадина се бор ҳаҷ карда буданд. Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар Фатҳулборӣ дар ин бора чунин гуфтаанд: Шумораи ҳаҷҳои Паёмбар (с) бар асоси омадани ҳайъати Ансориён ба Ақаба ҳисобида мешавад. Онҳо аввал омаданд ва бо Он ҳазрат (с) дар бораи мулоқот гапзанон карданд. Баъд дафъаи дуюм омада, бо Он ҳазрат байъати нахустин карданд ва сипас, боз дафъаи сеюм омада, байъати дуюм карданд. 

Иддае гуфтаанд, ки Паёмбар (с) пеш аз ҳиҷрат ҳар сол ҳаҷ мекарданд. Ҳар чӣ ҳам бошад, мусаллам ин аст, ки ҳаҷ соли даҳуми ҳиҷрӣ фарз гардида буд ва Он ҳазрат (с) баъд аз ин танҳо як бор ҳаҷ кардаанд. Аз ин ҷост, ки аксари саҳобагон ҳаҷҷатулвадоъро “Ҳаҷҷи Ислом”  ва ё “ҳаҷҷи Расули Худо (с)”низ меномиданд. Имом Муслим низ ҳадиси ин ҳаҷҷро бо ҳамин унвон номгузорӣ карданд. 

Аз ҷумлаи далелҳое, ки фарз шудани ҳаҷ дар соли даҳуми ҳиҷрӣ далолат мекунад, ҳадисест, ки Имом Бухорӣ ва Муслим дар бораи хабари ҳайъати Абдулқайс, ки ба назди Паёмбар (с) омада буданд, нақл кардаанд. Зимни он ҳадис чунин омадааст, ки онҳо ба Он ҳазрат (с) мегӯянд: Моро ба кори муҳимме дастур диҳед, ки ба он амал кунем ва дигаронро низ ба он даъват намуда, ба сабаби он ба ҷаннат дароем.  Он ҳазрат (с) “Ман шуморо ба чор чиз дастур медиҳам ва аз чор чиз манъ мекунам” мегӯянд ва барояшон ин чаҳор корро як як зикр мекунанд: “Шуморо ба имон овардан ба Худо, барпо доштани намз, додани закот ва рӯзаи Рамазон дастур медиҳам”. Чунин ба назар мерасад, ки илова бар дастуроти дигар имонро низ барояшон зикр намуданд. Агарчи масъалаи имон пеш аз ин барояшон маълум буд, вале Он ҳазрат (с) ба хотири таъкид бар аҳамияти он миёни дигар амалҳои исломӣ аз он боз ёдоварӣ карданд. Ин ҳайъат ба назди Он ҳазрат (с) дар соли нӯҳуми ҳиҷрӣ омада буд. Аз ин рӯ, агар ҳаҷ ҳамон сол фарз шуда мебуд, ҳароина Паёмбар (с) онро низ зимни фармудаҳое, ки иҷрояшро ба онҳо дастур доданд, зикр мекарданд. 

Дуюм: Маънои бузурге, ки ин ҳаҷҷи Паёмбар (с) дошт. Бешак, ин ҳаҷҷи Паёмбар (с) дорои маънои бузурге буд, ки ба даъвати исломӣ, ҳаёти Он ҳазрат (с) ва инчунин ба барномаи фарогири низоми исломӣ алоқаи зич дорад. 

Мусулмонон намозу рӯзаи худ, масъалаҳои мутааллиқ ба закот ва умуман, ҳар чӣ ба ибодату воҷибот рабт дошт, аз Паёмбар (с) омӯхта буданд. Танҳо масъалаи маносики ҳаҷ ва тарзи адои он монда буд, ки онро бояд аз Он ҳазрат (с) меомӯхтанд. Хоссатан, баъд аз он, ки анъанаҳои ҷоҳилии марбут ба ҳаҷ, ки аз замони ҷоҳилият ба мерос гирифта буданд, аз қабили доду фарёд дар атрофи Каъба, бараҳнаи модарзод тавоф кардан ба он ҳама бекор гардиданд. Чуноне ки бутҳои дар Каъба буда нобуд ва он аз осори ҷоҳилият пок карда шуд. 

Акнун ҳаҷ ба Хонаи Худо то рӯзи Қиёмат барқарор хоҳад монд, зеро он самараи даъвати Абуланбиё Иброҳим (а) мебошад, ки бо амри Худо анҷом шуда буд. Вале залолату хурофоти ҷоҳилият ва бутпарастӣ он даъвати иброҳимиро олуда намуда, ба он шакли куфру ширк бахшида буд. Ислом омад, то ин ибодатро аз  он олудагиҳо пок намояд ва онро ба асли тозаву босафояш баргардонад, то он бар асоси тавҳид ва бандагии мутлақ ба Худо барпо шавад. 

Аз ин ҷост, ки Паёмбар (с) ба мардум эълон намуданд, ки ба Хонаи Худо ҳаҷ карданӣ ҳастанд. Ҳамин чиз боис шуд, ки мардум аз ҳар гӯшаву канор омаданд, то аз пайи Он ҳазрат ҳаҷ кунанд ва тариқи дурусти ҳаҷ карданро омӯзанд, то дар инҳирофоти ҷоҳилӣ дар ин ибодат воқеъ нашаванд. 

Чунин ба назар мерасад, ки Паёмбар (с) пай бурданд, ки вазифаашон дар рӯйи замин ба поён расида истодааст. Чун амонатро адо карданду ниҳоли тавҳид дар нимҷазираи Араб сабз шуда, Ислом дили мардумро дар ҳар макон тасхир намудааст. 

Акнун, ки мардуми мусулмон дар ҳар гӯшаву канор парокандаанд, мехоҳанд ҳар чӣ бештар бо паёмбарашон вохӯранду аз ҳидояту насиҳатҳояшон истифода баранд. Он ҳазрат (с) низ дар навбати худ, ба мулоқоти ҳар чӣ бештар бо мардум итиёқ доранд. Хусусан, он тӯдаҳое, ки аз манотиқи мухталифи нимҷазираи Араб нав мусулмон шуда буданду барои дидор бо Он ҳазрат фурсати кофӣ надоштанд. Албатта, барои чунин кор фурсати аз ҳама муносиб дидор дар Хонаи Худо ва дар майдони Арафот буд. Дидори уммат бо паёмбарашон зимни яке аз бузургтарин ибодатҳои Ислом. Дидоре, ки маълум шуд, ки он дар илми Худо ва илҳоми Паёмбар (с) дидори вопасин ва хайрбодӣ будааст. 

Паёмбар (с) инчунин мехостанд, ки бо ин тӯдаҳои мусулмон вохӯранд. Тӯдаҳое, ки ҳамчун самараи ҷиҳоду муборизаҳои бисту се солаашон буд. Мехостанд, ки ба онҳо таълимоти Ислом ва низоми онро дар суханҳое кӯтоҳ ва андарзҳое мухтасар пешниҳод намоянд. Ин суханҳои кӯтоҳ ва андарзҳои мухтасар саршор аз меҳру муҳаббати  Он ҳазрат (с) нисбат ба умматашон буд. Мехостанд, ки дар симои онҳо сурати наслу наводагонашонро, ки минбаъд меоянд, бинанд ва ҳамин тариқ ба онҳо низ аз пушти монеаҳои замон ва девораҳои даврон насиҳату тавсияҳои худро бирасонанд.  

Ин буд, бархе аз маъноҳое метавон аз ҳаҷҷи Паёмбар (с), Ҳаҷҷатулвадоъ ва хоссатан, аз хутбае, ки дар майдони Арафот барои тӯдаҳои мусулмонон илқо намуданд бардошт кард. 

Сеюм: Андешаҳое чанд оид ба хутбаи видоъ. Чӣ басо зебоанд он суханоне, ки дар майдони Арафот гуфтанд. Он суханон натанҳо ба ҳозирин, балки ба наслҳои ояндаи таърих низ нигаронида шуда буд. Паёмбар (с) баъд аз он, ки ҳаққи амонатро адо намуда, аз уммат чизеро пинҳон надоштанд ва дар роҳи даъват ба Худо бисту се сол хаставу дилгир нашуда, мубориза бурданд, бо он ба уммат хитоб карданд. Ба Худо, чи лаҳазоти зебо! Лаҳазоте, ки дар атрофи Паёмбар (с) бо дили зору чашми гирён ҳазорҳо нафаре гирд омадаанд, ки замоне сӯяшон бо дидаи нафрат менигаристанду дасти адоват дароз мекарданд. Ҳазорҳо нафар гирди  ҳам омада майдонро аз ҳар тараф пур карда буданд ва бо забони ҳол ояти карима аз сураи Ғофир:  

إِنَّا لَنَنْصُرُ رُسُلَنا وَالَّذِينَ آمَنُوا فِي الْحَياةِ الدُّنْيا وَيَوْمَ يَقُومُ الْأَشْهادُ” (Ҳароина мо паёмбаронамон ва касонеро, ки имон оврадаанд, дар ҳаёти дунё ва рӯзи Қиёмат дастболо хоҳем кард) ро замзама мекарданд. 

Паёмбар (с) ба чеҳраҳои ҳозирин менигаристанду дар он  наслҳои ояндаро медиданд, аз он ба олами бузурги исломӣ, ки Шарқу Ғарбро фарогир мешавад, нигоҳ мекарданд. Ҳамин тавр ба гӯши онҳо хитоби хайрбодии худро илқо намуданд:  “Эй мардум, (хуб) ба гуфтаҳои ман гӯш диҳед! Зеро шояд ман дар ин ҷо шуморо дигар набинам…”.   

Ҳама дунё гӯш ба суханони Он ҳазрат (с) дода буд. Сангу рег дарахту бутта ҳама гӯшу ҳӯш ба он суханоне дода буданд, ки барои вопасин бор баъди шасту се соли ошноӣ ва саодати ҳамҷаворӣ аз даҳони Он ҳазрат (с) мебаромад. Акнун баъд аз он, ки рӯйи заминро бо оби имон ҳаёт бахшиданд, аз суханонашон бӯйи ҷудоӣ меояд. Акнун он ҳама ғояҳоеро, ки дар роҳи он тӯли ҳаёт мубориза мебурданд, зимни калимаҳои фарогир ва бандҳои башумор хулоса мекунанд, то онро ба гӯши олам расонанд. 

Банди нахустини он чӣ буд?!

Субҳоналлоҳ!!! Ин қадар зебост! Ин қадар олист!!! 

Гӯё Он ҳазрат (с) ин тавсияҳои хешро аз воқеияти он вартаҳое илҳом мегирифтанд, ки як тӯда аз умматонашон бо мурури замон баъди дур шудан аз манбаи нуронӣ, ки барояшон гузоштаанд, ба он гирифтор хоҳанд шуд. Аз ин ҷост, ки банди нахустини он чунин буд: “Эй мардум, хунатон ва молатон бар шумо мисли ҳаром будани ин рӯзи ин моҳ дар ин шаҳр ҳаром аст”. 

Ин васият дар охири хутба бори дигар ба такрор омадааст, ки ба аҳамияти он таъкид менамояд: “Бидонед, ки ҳар мусулмон барои дигар мусулмон бародар аст ва мусулмонон ҳама бародаранд. Аз ин рӯ, барои шахсе аз (моли) бародараш танҳо ҳамон чиз ҳалол аст, ки ӯ бо дили хуш бидиҳад. Ба худатон зулм накунед. Худоё, оё расонидам?”.  

Мо мегӯем, ки Оре, ба Худо, ки расонидед, эй Расули Худо, сарвари коинот!!! Шояд мо имрӯз аз дигарон дида ба ҷавоб додан ба ин саволи шумо ҳақдортар бошем. “Албатта, расонидед”. Агарчи бо ин ҷавобамон бори масъулияти гаронеро, ки дар адои он хеле кӯтоҳӣ дорем, бар дӯш мегирем. 

Банди дуюми он бошад, танҳо як тавсия набуд, балки он пеш аз ҳама як қароре буд, ки онро пеши ҳама халқ, нафароне, ки онҷо ҳозир буданд ва нафароне, ки минбаъд хоҳанд омад, эълон намуданд.

Матни қарор чунин буд: “Бидонед, ки ҳама он, чӣ тааллуқ ба ҷоҳилият дошт, акнун зери пойи ман аст(яъне, бекор аст). Хуни (қасоси) ҷоҳилият бекор аст…. Судхӯрии ҷоҳилият бекор аст…”. 

 Матни ин қарор чӣ маъноеро дар бар мегирад? … Дар он омадааст, ки “ҳар он чӣ моя фахри ҷоҳилият буду ба он пойбандӣ изҳор мекард, аз қабили анъанаҳои қабилагароиву оилагароӣ, бартариҷӯйиҳо аз рӯйи забону насаб ва ирқ, ғулом кардани ҳамдигар бо занҷирҳои зулму судхӯрӣ, ҳама бекор шудаву аз эътибор соқит гардидаанд. Он акнун як лошаи бадбӯйеро мемонад, ки бо шарофати шариати илоҳӣ ба хок супорида мешавад. Акнун ҷойи он дар зиндагии шахси мусулмон зери пой аст. Зеро он палидист, ки кӯҳна шудааст, залолатест, ки аз байн рафтааст ва пардаест, ки бардошта шудааст.” 

Чӣ касе акнун он лошаи бадбӯйро аз зери хок берун мекунад, то ба оғӯш бигирад?! Чӣ каси оқиле болои партове, ки аз он халос шудааст, мебарояд, то бори дигар онро ба сару рӯйи худ бимолад?! Чӣ марди ҳӯшманде он бандеро, ки дирӯз шикаста бадар карда буд, боз мегирад, то бо он худро дар банд намояд?! 

Он ҳазрат (с) палидиҳои ҷоҳилиятро аз пеши роҳи инсоният дур намуданд ва эълон доштанд, ки он акнун ба зери хок супорида шуд, то тамоми дунё собит намоянд ва ба гӯши ҳама ҳозирину ғоибин расонанд, ки ҳар кӣ аз пешравӣ даъво дораду боз мехоҳад ин зери хок шудаи кӯҳнаро берун орад, бешак, талоши онро кардааст, ки боз ба қафо гардад, то қаъри торику зулмонии таърих шино намояд. агарчи ба гумонаш ӯ боло мераваду қадаме ба пеш мениҳад. 

Дар банди сеюми он бошад, Паёмбар (с) эълон медоранд, ки акнун замон бо номи моҳҳо, ки бар асоси он тақсим шудаанд, мутобиқат мекунад. То ин дам арабҳо дар замони ҷоҳилият  ва садри Ислом бо он бозӣ доштанд. Онҳо, ба қавли Муҷоҳид ва ғайра, дар ду сол як бор дар як моҳи муайян ҳаҷ мекарданд. Ду сол дар моҳи Зулҳиҷҷа ҳаҷ мекарданд, сипас, ду соли дигар дар моҳи Муҳаррам ва ҳамин тавр ҳар сол дигаргун мешуд. Вақте Паёмбар (с) ҳаҷ карданд, ҳамон сол ба моҳи Зулҳиҷҷа рост омада буд. Барои ҳамин он замон эълон намуданд, ки “акнун замон ба ҳамон шакле даромад, ки рӯзи офариниши замину осмонҳо Худо муқаррар намуда буд”. Яъне, дигар моҳҳоро бо таъхиру тақдим ба бозӣ наандозед. Минбаъд ҳаҷ танҳо дар ҳамин моҳ мешавад, ки номи он “Зулҳиҷҷа” аст. 

Бархе гуфтаанд, ки мушрикон солро дувоздаҳ моҳу понздаҳ рӯз  ҳисоб мекарданд. Барои ҳамин ҳаҷ ба моҳҳои гуногуни сол боре ба Рамазон, Шаввол, Зулқаъда рост меомад. Аз ин сабаб, Ҳаҷҷи Ҳазрати Абубакр (раз.), ки соли нӯҳуми ҳиҷрӣ анҷом доданд, ба моҳи Зулқаъда рост омада буд. Чун як сол гузашт ва Паёмбар (с) дар он ҳаҷҷи вадоъ анҷом доданд, он ба даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа, мутобиқат намуд. Паёмбар (с) ҳамон вақт ҳисоби кӯҳнаи моҳҳоро бекор карданду эълон доштанд, ки минбаъд сол танҳо аз дувоздаҳ моҳ иборат асту бас. Имом Қуртубӣ дар ин бобат чунин мегӯянд: Сухани Паёмбар (с) маънои онро дорад, ки замони ҳаҷ акнун ба ҳамон вақти аслии худ мутобиқ шуд, ки  Худованд онро рӯзи офаридани осмонҳову замин муқаррар карда буд…”. 

Дар банди чорум Паёмбар (с) ба муомилаи нек бо занон васият мекунанд ва дар калимаҳое кӯтоҳ ва фарогир таъкид менамоянд, ки минбаъд он зулме, ки дар ҷоҳилият болои зан ҳукмрон буд, барҳам хӯрдааст. Инчунин, замонати ҳуқуқи зан ва каромати инсонии ӯро собит месозанд, ки онро аҳкоми шариати исломӣ дарбар мегирад. 

Ҳақиқати мазкур мебоист чунин тавсия мешуд, зеро он мусулмонон нав аз аҳди ҷоҳилият берун шуда буданду ҳанӯз анъанаҳои ҷоҳилӣ, ки ба зан арзише қоил набуд ва ягон ҳуқуқи ӯро эътироф намекард, аз ёдашон нарафта буд. Шояд ин тавсия ва эътибор ба он ҳикмати дигаре низ дорад. Шояд Паёмбар (с) ба мусулмонон ҳӯшдор доданӣ ҳастанд, ки бояд онҳо дар ҳар давру замон каромат ва ҳуқуқи табиии занонро, ки шариати исломӣ барояшон кафолат додааст, аз он чӣ дигарон аз занҳо мехоҳанд, ҷудо карда тавонанд. Чун бархе бо иддаои риояи ҳуқуқи занон мехоҳанд ононро чун василаи баҳрабардорӣ ва айшу ишрат истифода кунанд, ки Ислом маҳз бо ҳамин гуна падидаҳо мубориза мебарад. 

Дар банди панҷум Паёмбар (с) ба мардум роҳи халосӣ раҳоӣ аз ҳама мушкилоте, ки метавонад дар зиндагӣ барояшон рӯ ба рӯ шавад, нишон медиҳанд. Он роҳи халосӣ танҳо ду роҳ аст, ки дар сурати пайравӣ намудан аз он амонӣ аз ҳар гуна залолату бадбахтӣ кафолат дода мешавад. Он ду Китоби Худо ва суннати Паёмбар (с) аст. 

Тавре дида мешавад, ин кафолати Паёмбар (с) ҳам наслҳоро дарбар мегирад. Бояд дониста шавад, ки салоҳияти он танҳо ба як асру замон тааллуқ надорад ва ягон тараққиёти маданӣ ва ё урфи замонӣ ҷойи онро гирифта наметавонад. 

Дар банди шашум бошад, Паёмбар (с) баён мекунанд, ки алоқаи ҳоким бо мардум бояд чи гуна бошад. Яъне, он алоқаи гӯш кардану итоат намудани мардум ба ҳоким новобаста аз насаб, мақом ва шаклу андоми ӯ аст.  Модоме ки ӯ аз рӯйи фармудаҳои Худову Расул амал мекунад. Аммо агар аз он сар тобад, дигар ҳаққи гӯш кардану итоат намуданро аз даст медиҳад. Бинобар ин, боиси асосии табаият ба ҳоким ва зарурати итоат аз ӯ танҳо мувофиқ будани кирдорҳои ӯ ба Китобу Суннат мебошад. Агар чунин аст, фарқ надорад, ки ӯ ғулом аст ё озод, сиёҳ аст ё сафед. Зеро назди Худованд арзишу мизон ба ҳадди тақво ва накӯкорист. 

Паёмбар (с) бо ин роҳ ба мо баён кардаанд, ки ҳоким берун аз ҳудуди Китобу Суннат имтиёзе надорад ва ба сабаби ҳокимияти хеш ӯ аз сатҳи ҳукми исломӣ заррае боло намеравад. Зеро ӯ дар асли маъно на ҳоким асту на аз ягон ҳокимияти ҳақиқӣ бархӯрдор. Балки ӯ аз ҷониби мусулмонон баҳри татбиқи фармудаҳои Худо амонатдор мебошад. Аз ин ҷост, ки назди шариати исломӣ ягон чизе аз қабили дахлнопазирӣ ва ё имтиёзоти табақаи ҳоким, на дар ҳукм ва на дар додгоҳ эътиборе надорад. 

Дар поён, Паёмбар (с) дарк мекунанд, ки акнун масъулияти даъват ва расонидани онро аз гардани худ вомегузоранд. Чун Ислом паҳн шуда, залолоти ҷоҳилият ва ширк аз байн рафтааст. Акнун аҳкоми шариати исломӣ расонида шуда, ваҳйи илоҳӣ ба Он ҳазрат (с) нозил шуда аз он паём медиҳад, ки дин баркамол шудааст.

 “الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلامَ دِيناً” (Моида 3). 

(Имрӯз динатонро бароятон мукаммал намудаму неъмати хешро бар шумо тамомӣ додам ва бароятон Исломро чун дин розӣ шудам)

Вале Паёмбар (с) мехоҳанд осуда шаванд, ки пагоҳ ин уммат вақте Худованд аз он дар ин бора савол мекунад, чӣ мегӯянд. Аз ин рӯ, дар поёни хитоби худ аз онҳо чунин савол карданд: “Шумо пагоҳ дар бораи ман пурсида мешавед. Шумо чӣ мегӯед?”. 

Вақте овозҳо аз ҳар тараф баланд шуданд “шаҳодат медиҳем, ки шумо дар ҳақиқат расонидед, ҳаққи онро адо кардед, чизеро аз он пинҳон накардед” гуфтанд, хотири Он ҳазрат (с)  осуда шуд.  

Хело мехостанд аз ин шаҳодате, ки бо он ба Худо рӯ ба рӯ мешаванд, бовар ҳосил намоянд. Акнун Он ҳазрат (с) хотирашон ҷамъ шуд, аз чеҳраашон ризову қаноатмандӣ ҳувайдо гардид, сӯйи осмон нигаристанду бо саббобаашон ишора намуда гуфтанд: “Худоё, шоҳид бош, Худоё, шоҳид бош, Худоё, шоҳид бош”. 

Чӣ басо саодати бузург аст! Саодати Паёмбар (с), ки ҷавонии хеш ва умри худро дар роҳи нашри шариати Худо паси сар карданду гузарониданд. Акнун мебинанд, ки самараи он ҷаҳду талошро, ки доштанд ва умреро, ки сарф намуданд, дар шакли овозҳое бо нидои тавҳид боло мешаванд, пешонаҳое баҳри дини Худо ба замин гузошта мешаванд, дилҳое бо муҳаббати Худо саршоранд… 

   Бале, чӣ саодате бузург, ки он замон Паёмбар (с) эҳсос мекарданд. Вақте  он ҳама ташнагиву гуруснагӣ, андармониҳои сафар ва ранҷу азоби масхараву истеҳзоро, ки дар роҳи ин имон, ки акнун рӯйи замин ҳукмфармоӣ дорад, ба хотир меоварданд. Хушо ба ҳолатон, эй хоҷаам! Месазад, ки саодатманд бошед, шодмон монед. Худо бароятон муборак гардонад…. 

На… эй сарвари ман, ба Худо, ин танҳо шаҳодати ҳазорон нафар набуд, ки дар атрофатон ҷамъ шуда буданд, балки шаҳодати тамоми мусулмонон аз ҳар давру замон то қиёми Соат чунин аст, ки бо забони қолу ҳол мегӯянд: Ба дурустӣ шаҳодат медиҳем, ки шумо амонатро расонидед, ҳаққи онро адо кардед ва аз он чизеро пинҳон надоштед. Бинобар ин, Худо аз номи мо бар шумо беҳтарин подоше бидиҳад, ки бар ягон паёмбаре аз номи умматаш дода буд… 

Вале масъулияти даъват акнун баъди шумо бар дӯши мо афтидааст. Вале мо аз адои он хеле кӯтоҳӣ дорем. Намедонем, эй сарварам, пагоҳ бо шумо бо чӣ рӯ ба рӯ мешавем. Чунки зери бори гуноҳи танбаливу нишастамондагӣ ва гирифторӣ ба хушиҳои ҳаёти дунё мондаем. Вақте пагоҳ ба атрофатон ёрони некноми худро ҷамъ мекунед, ҳар яки онҳо дар ҳар ҷойи бадани худ шаҳодати хуне доранд, ки барои нусрати шариати шумо рехтаанд, нишонаи ранҷе доранд, ки барои дифоъ аз даъвати шумо кашидаанд, дунёро зери пой кардаанд, то мисли шумо бошанд… 

Худоё, ҳоли мо ва ҳоли тамоми мусулмононро ба салоҳ биёр, моро аз хоби ғафлат ва мастии дунё бедорамон кун, бо лутфу карами хеш фароямон гир. 

Паёмбар (с) ҳаҷҷашонро ба поён расониданд, аз оби Замзам ба серӣ нӯшиданд, ба мардум маносики ҳаҷро нишон доданд, баъд ба Мадинаи Мунаввара баргаштанд, то муборизаи худро дар роҳи дини Худо идома диҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *