Аксари алмосҳои тамоми сайёра аз 3 миллиардсола ҳам қадимтаранд. Ва миқдори умумии алмос чунин аст, ки агар барои ҳама якпиёлагӣ бахшем ҳам кифоягӣ мекунад.
Дар Нидерландия тақрибан 5 триллион тортанак вуҷуд дорад. Шумори аҳолӣ бошад, 16,7 миллион нафарро ташкил медиҳад.Агар тортанакҳо ба хӯрдани одамон шурӯъ кунанд, сокинони кишвар дар 3 рӯз тамом хоҳанд шуд. Аммо хайрият, ки тортанакҳо одамхӯр нестанд.
Агар шумо аз Уқёнусҳои ҷаҳон намак гирифта, онро дар хушкӣ ба як қабати ҳамвор пошед, пас ғафсии он 152 м хоҳад буд.
Чуқурӣ ва паҳнои кӯли Лох Несс тавре бузург аст, ки даҳ маротиба бештар аз шумори тамоми аҳолии сайёра ба осонӣ дар он ҷой мегиранд.
Дар харитаҳои ҷаҳон тақрибан 1000 адад кӯҳу теппаҳои зерибаҳрӣ мавҷуданд, аммо дар асл онҳо зиёда аз 100 ҳазор адад ҳастанд.
Дар чуқурии Мариана фишори фтодан он қадар баланд аст, ки гӯё як мааркачаи почта ба вазни 10 хирс бошад.
Дар Антарктида ҷойҳое ҳастанд, ки дар онҳо зиёда аз 2 миллион сол борон ва барф наборидааст.
Вақто сӯзанакҳо бол зада парвоз мекунанд, ҳар бор болзаниашон дар ҳаво рақами 8-ро мекашад.
Худи вирусу бактерияҳо ҳам аз ягон хел вирус сироят меёфтаанд.
Дар Антарктида танҳо як дарё — Оникс мавҷуд аст ва дар як сол ҳамагӣ 2 моҳ ҷорӣ мешавад. Боқи 10 моҳи сол яхбаста мемонад.
Агар одам тавони вазнбардории мӯрчаҳо барин қува медошт, бемалол 2 то 5 тонна борро мебардошт. Қади одам субҳ як сантиметр дарозтар ва шом баракс як сантиметр кӯтоҳтар мешавад. Ҳангоми навзодӣ то семоҳагиаш ангуштони одам из надоранд. Ҷигари инсон он қадар узви нодир аст,ки агар 70 фоизашро бо сабабе бурида партоем ҳам, боз сабзида барқарор мешавад.
Қабати болоии пӯсти делфин дар ҳар 2 соат нав карда мешавад.
Лаваи вулқонӣ, яъне оташи бузурги ҷоришаванда аз вулқон ба суръати сагҳои даванда ҳаракат мекунад.
Агар шумо 10 ҳазор тортанакро дар як ҳуҷра ҷамъ карда, даромаду баромадро маҳкам кунед, баъди фурсате танҳо як дона тортанак мемонад. Яъне гурусна монда якдигарро хӯрдан мегиранд.
Дар давоми 30 соли охир суръати шамол 60% коҳиш ёфтааст.
Як навъ муши хурдакаки заминкоб вуҷуд дорад, ки биниаш тезу борик аст. Русҳо онро землеройка мегӯянд. Ана ҳамин заминкобак ҳангоми ҳайвоноти ваҳширо дидан худро ба тавре ҳимоя мекунад, ки аз шиддати тарс зуд мемирад.
Дар ҷазираҳои Фарер шабона дар тобистон он қадар равшан аст, ки ба фурӯзон кардани чароғҳо ҳоҷат нест.
Ҷанинҳои наҳанги палангшакл метавонанд ҳанӯз дар батни модараашон якдигарро бихӯранд ва ин ҳамеша пас аз калон шудани дандонҳояшон ба вуқӯъ мепайвандад.
Аз ҷиҳати биологӣ, одамон ба замбӯруғҳо наздиктаранд, нисбат ба наботот.
Тимсоҳ метавонад бо ҳамон қуввае, ки гӯё як мошини боркаш аз кӯҳ афтода бошад, ҷоғҳои худро бандад, яъне даҳонашро пӯшад. Ин ба қувваи мушакҳои пӯшандаи даҳони тимсоҳанд, аммо мушакҳои барои кушодани даҳони тимсоҳ масъул, баръакс, бениҳоят сустанд: шумо даҳони онро бо тасмачаи резинии тунук баста метавонед ва тимсоҳ дигар кушода наметавонад.
Дар кишвари Ирландия тамоман юрмон набудааст.
Мӯрчаро дар печи гармкунаки мавҷӣ (микроволновка) гарм кардан мумкин аст ва он зинда хоҳад монд. Ин ҳолат аз он сабаб ба амал меомадааст, ки мӯрчагон ба андозае хурданд, ки онҳо метавонанд аз радиатсияи печи микроволновка озодона халос шаванд. Воқеан, хӯрокро дар ин гуна печигармкунак ҳеҷ гоҳ беболопӯш гарм накунед. Радиатсия зарари калон дорад.
Захрноктарин морҳо 10 намуд мебошанд. Ва ҳамаи онҳо дар Австралия зиндагӣ мекунанд.