Рубрики Хабарҳо

Марги 53 туркман дар Туркия баъди истеъмоли шароби дастисохт

Бар асари истеъмоли машруботи спиртии қалбакӣ дар шаҳри Истанбули Туркия 53 шаҳрванди Туркманистон ба ҳалокат расида, ҳудуди 15 тани дигар дар бемористон боқӣ мондаанд. Вазъи бисёре аз онҳо вазнин гуфта мешавад. 

Бино ба иттилои расонаҳои Туркия, рӯзи 19 март даҳҳо муҳоҷири туркман дар Истанбул бар асари истеъмоли машруботи спиртии қалбакӣ заҳролуд шуданд. Муҳоҷирони ба таҳлука афтодаи туркман бо мақсади ҳимоят аз коронавирус машруботи спиртӣ нӯшида, онро ба бадани худ ҳам молидаанд.Дар ҳамин ҳол  пулиси Туркия 11 нафарро бо иттиҳоми фурӯши арақи қалбакӣ дастгир кардааст.

Телевизиони хабар дода буд, ки рӯзи 19 март 15 нафар, аксаран шаҳрвандони Туркманистон ба ҳалокат расида, беш аз 60 нафари дигарро дар шуъбаҳои реаниматсионии бемористонҳои Истанбул бистарӣ кардаанд.

Тибқи маълумот аз расонаҳо ҷасадҳои туркманҳои ҳалокшударо дар қабристони Килиос Мӯсавӣ Мезарлиги дар гӯшаи мурдаҳои бесоҳиб ба хок супурдаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ба сабаби баста будани марзҳо хешовандони муҳоҷирони ҳалокшуда аз Туркманистон омада натавонистаанд. Дар маросими дафн касе аз консулгарӣ ва сафорати Туркманистон низ иштирок накардааст.

Дар ҳоле муҳоҷирони туркман ба хотири ҳимояти худ аз коронавирус машруботи спиртии қалбакӣ ва ё худсохт истеъмол кардааанд, ки бино ба ҳушдори табибон, машруботи спиртӣ аз коронавирус ҳимоят намекунад, балки метавонад сабаби заиф шудани масуният (иммунитет) шавад ва сабаби печидатар шудани бемории COVID-19 гардад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *