Артиши Исроил субҳи сешанбе ҷануби навори Ғаззаро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод. Ин ҳамла дар вокуниш ба ракет партобкунии душанбешаб аз навори Ғазза ба самти Тел-Авив будааст.
Масъулияти ҳамалоти ракетӣ ба Исроилро гурӯҳи Ҳамос бар ӯҳда гирифтааст.
Мақомоти фаластинӣ ва Ҳамос ҳеҷ оморе аз шумори кушта ё маҷрӯҳони ҳамлаҳои Исроил мунташир накардаанд.
Дар сӯи дигар низ мақомоти Исроил эълом карданд, ки ракетҳои шилликшуда аз Ғазза тавассути сомонаи дифоъи зиддмушакии гунбади оҳанини раҳгирӣ нобуд карда шудаанд.
Таниш миёни фаластиниён ва нерӯҳои Исроил аз ҳафтаи гузашта, ба вижа пас аз воқеъаҳои хушунатбори якшанбеи гузашта дар муҳавватаи масҷид-ул-Ақсо шиддат гирифтааст.
Дар ин даргириҳо беш аз 150 фаластинӣ захмӣ шуданд.