Рубрики Pressa

Қазия “Крокус”. Муҳлати боздошт боз тамдид шуд


Суди шаҳри Маскав рӯзи 19-уми май бо як қароре муҳлати боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистони гумонбар дар ҳамлаи толори консертии “Крокус”-ро ба муҳлати чор моҳи дигар тамдид кард.

Гуфта мешавад, ки бо қарори суд Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати 3 моҳу 28 рӯзи дигар дар боздоштгоҳ мемонанд.

Ин гумонбаронро тафтишоти Русия иҷрокунандаи ҳамла меномад. Поёни моҳи апрел мақомоти ҳифзи қонуни Русия гуфтанд, ки парвандаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро моҳи июн ба суд мефиристанд. “ТАСС” навишт, ки парвандаро Суди ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ хоҳад кард.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *