Рубрики Хабарҳо

Эътирозоти густурда дар Маҳободи Эрон. Сохтмонҳои давлатӣ муҳосира шуданд

Тазоҳуркунандагон дар шаҳри Маҳободи Эрон дар эътироз ба “кушта шудани як ҷавон тавассути нерӯҳои амниятӣ”, сохтмонҳои давлатиро муҳосира карданд.. 

Шумори зиёде аз мӯътаризон дирӯз дар маросими баргузории ташйиъи ҷанозаи Исмоил Мавлудӣ, ҷавони 35 солае, ки гуфта мешавад ба думболи “тирандозии маъмурони амниятии Эрон” дар ҷараёни эътирозоти чаҳоршанбешаб ба муносибати чиҳилумин рӯзи ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ дар Маҳобод воқеъ дар устони Озарбойҷони ғарбӣ ҷони худро аз даст дода буд, ба самти сохтимонҳои давлатӣ монанди фармондорӣ ва шаҳрдорӣ юриш бурда ва онҳоро муҳосира карданд. 

Тибқи тасовири мунташиршуда дар фазои маҷозӣ ва расонаҳои дохилии Эрон, мӯътаризон зимни сар додани шиорҳои зиддиҳукуматӣ бо партоби санг, оташ задани сатилҳои зубола ва масдуд кардани роҳҳо монеъи ҳаракати худравҳо шудаанд. 

Хабаргузории расмии Эрон ИРНА низ зимни таъйиди ин ҳаводис эълом кард, ки мӯътаризон ҳамчунин ба самти сохтмони пулиси 11-и ин шаҳр ҳам ҳаракат карданд. 

Гуфтанист рӯзи чаҳоршанбе мусодиф бо чиҳилумин рӯзи ҷон бохтани Маҳсо Аминӣ духтари 22 сола дар боздошти пулиси амнияти Эрон, ки фатилаи оғози эътирозоти ахир дар Эронро оташ зад, шуморе аз мардум дар шаҳрҳои мухталифи Эрон аз ҷумла Маҳобод ба берун омада ва тазоҳурот барпо карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *