Вазири дохилии Туркия бо ишора ба ҳимояти Амрико аз гурӯҳи PKP/PYD мустақар дар шимоли Сурия, ки дар Туокия террористӣ шинохта шудааст гуфт, ки Туркия паёми тасалияти Вашингтон дар заминаи ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар Истамбулро намепазирад.
Сулаймон Сойлу, вазири кишвари Туркия дар изҳороте дар ҷамъи хабарнигорон дар маҳалли ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар хиёбони Истиқлол тасреҳ кард: мо паёми таслияти сафорати Амрико дар Туркияро напазируфта ва онро рад мекунем.
Сойлу бо ишора ба ҳимояти молии Амрико аз тариқи Маҷлиси Сено аз гурӯҳи П.К.К/П.Й.Д дар шимоли Сурия гуфт: ҳампаймонии мо бо ин кишвар бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ ва бознигарӣ шавад.
Вазири кишвари Туркия тасреҳ кард: мо душмани ҳеҷ касе набуда ва чашмдоште бар хоки кишвари дигаре надорем. Хиёнате ба кишвари дигаре анҷом намедиҳем, мо тавони таҳаммули ин хиёнатҳоро надорем.
Сойлу бо таъкид бар ин, ки Туркия паёми аслии ҳамлаи террористиро дарёфт кардааст, афзуд: мо медонем, ки касоне, ки аз ин гурӯҳи террористӣ ҳимоят карда ва иттилооти дохилӣ барои онҳо таъмин мекунанд, омили аслии ин ҳамла аст. Ҳадафи миллатамон шикастани сар ин маншаҳо аст. Посухи маҳкам ба ин паём хоҳем дод.
Вазири кишвари Туркия дар робита бо афроди дастдошта дар террор гуфт: авомили бомбагузорӣ дар хиёбони Истиқлолро агар дастгир намекардем, қасд доштанд имрӯз ба Юнон фирор кунанд. Дар шунуди фаннии ин иттилоот ҳосил шуд, ки гурӯҳи террористӣ дастури кушта шудани террористро содир карда ва хоста, ки ӯро аз манзилаш ба замин ё ба канали обӣ парт кунанд то аз иқдом ба кашфи шабакаи аслии пушти он мамониъят карда бошанд.
Ӯ гуфт: Истамбул 6 сол аст, ки саҳнаи чунин ҳодисае нашуда буд. Имсол беш аз 200 тарҳи ҳамлаи террористӣ хунсо шуданд.
Сойлу эълом кард: ба ҳамроҳии террористи дастгир шуда, тарроҳи ин иқдом ва шояд гурӯҳи террористӣ нороҳат шавад, аммо фарди муваззаф ба қатли ин террорист низ, дастгир шуд.
Вазири кишвари Туркия бо таъкид бар лузуми идомаи амалиёти бурунмарзии кишвараш гуфт: рӯйкарди Туркия алайҳи ташкили коридори террористӣ (дар шимоли Сурия) иқдоме барои ҷилавгирӣ аз эҷоди бесуботӣ дар Туркия аст. Дастури ду ҳамлаи террористии ахир дар Мерсин ва Истамбул аз Кӯбони ё Айн-ал-Араб ва Манбиҷ содир шудааст.