Рубрики Хабарҳо

Боркашонӣ дар Тоҷикистон 6,6% афзудааст

Дар моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тавассути тамоми навъҳои нақлиёт беш аз 8 миллиону 100 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 дарсад бештар аст.

Бинобар набудани роҳҳои баҳрӣ, бор дар Тоҷикистон танҳо бо наклиёти руизаминй кашонида мешавад. Истифода аз роҳҳои оҳан ҳам, бинобар шароити кғҳсории Тоҷикистон рушдёфта нест.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди раисҷумҳури кишвар, дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 7 миллиону 600 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст.

Афзоиши ҳаҷми кашондани бор бо нақлиёти автомобили назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз афзудааст.

Бо роҳи оҳан бошад ҳамагӣ 549 ҳазору 100 тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1 фоиз зиёд аст.

Аз руи маълумоти Агентии омор ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ 93,3 фоизи ҳаҷми умумии борҳои бо тамоми намуди нақлиёт кашондашударо ташкил медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *