Рубрики Pressa

Ифтитоҳи факултети рақами 4-и Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд


13 июл бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид.

Иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷои хоб ва ошхона иборат мебошад.

Бинои Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси лоиҳаи муосир бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ сохта шудааст.

Дар саҳни муассиса мутобиқ ба талабот майдони сафороӣ ва гузаронидани чорабиниҳои тантанавӣ бунёд гардидааст.

Дар ҳамин ҷо намунаи тарҳи либосҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *