Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки ММД-ро 27 дарсад афзоиш диҳад.
Дар ин бора дар Пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, ки дар вебсайти Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад.
Тибқи пешгӯии нашршуда, то охири соли 2024 то ба 132 миллиард сомонӣ расондани маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки иқтисоди Тоҷикистон яке аз беназиртарин иқтисодҳое мебошад, ки дар давраи маҳдудиятҳои коронавирус афзоиш нишон додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мутараққӣ дар давраи маҳдудиятҳо бо сабаби коронавирус рушди иқтисодияшон манфӣ буд.