Дирӯз бо ҳузури руасои ҷумҳури Туркманистон ва Афғонистон, нахуствазири Покистон ва вазири давлат дар умури хориҷии Ҳинд, кори проекти интиқоли гази Туркманистон ба Покистон ва Ҳинд аз тариқи Афғонистон, расман дар Афғонистон оғоз шуд.
Ин маросим бо ҳузури Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раисҷумҳури Туркманистон, Шоҳид Хоқон Аббосӣ нахуствазири Покистон ва Мубашшир Ҷовид Акбар, вазири давлат дар умури хориҷаи Ҳинд баргузор шуд.
Президенти Афғонистон дар ин маросим, оғози ин тарҳҳои бузурги иқтисодиро «паёми эҳёи муҷаддад, умед ва итминон» аз Ҳирот ба минтақа хонд ва гуфт, ки чаҳор кишвари Ҳинд, Покистон, Туркманистон ва Афғонистон таърихи муштараки ҳамкориро хоҳанд сохт.
Ҳамзамон бо оғози кори пруҷаи ТАПИ дар Афғонистон, кори интиқоли барқи 500 киловотии Туркманистон ба Покистон (ТАП), имтидоди хатти оҳани Туркманистон ба дохили Афғонистон ва имтидоди кабели барқӣ дар масири ТАПИ низ шурӯъ шуд, ки маҷмӯъан ин проектҳо умедвориҳои зиёдеро барои мардуми Афғонистон ба вуҷуд овард.
Таърихчаи тарҳи ТАПИ
Тарҳи аввалияи ин проект аз сӯи Туркманистон дар соли 1990 мелодӣ рехта шуд. Солҳое, ки кишварҳои Осиёи Миёна пас аз истиқлол ниёз ба судури манобеъашон ба кишварҳои хориҷ доштанд. Туркманистон мехост бо амалӣ шудани ин тарҳ беш аз сӣ миллиард мукааб гази худро ба Покистон ва Ҳинд содир кунад. Вале тарҳи убури хатти лӯлаи газ аз Туркманистон ба Покистон ва Ҳинд дар солҳои 1994 мелодӣ ба сурати ҷиддитар пайгирӣ шуд ва дар ин робита давлати Туркманистон бо кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ҳинд вориди музокира шуд.
Аз онҷое, ки Туркманистон, тавоноии амалӣ кардани ин проектро надошт, маҷбур буд онро ба яке аз ширкатҳои бузурги хориҷӣ вогузар кунад. Ду ширкати бузурги “Баридос”-и оржонтинӣ ва “Юникол”- амрикоӣ барои гирифтани ин проект ба рақобат пардохтанд. Вале ихтилофоте, ки баъдан миёни кишварҳои Туркманистон, Афғонистон ва Амрико бар сари иҷрои ин проект буруз кард, иҷрои ин проектро то замони номаълуме ба таъхир андохт.
Ҳамон тавре, ки дар ин проект танҳо хости Туркманистон матраҳ набуд, балки дар канори он наҳваи таомулоти сиёсӣ миёни кишварҳо низ бар тарҳи аввалияи ин проект нақш ифо кард, дар марҳалаи иҷро низ хост ва манофеъи кишварҳо таъсири худро гузошт. Дар он вақт мушкил миёни кишвари Туркманистон ва Амрико ин буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моил набуд ин қарордод ба ширкатҳои ғайри амрикоӣ дода шавад. Аз тарафи дигар Туркманистон, ки тоза ба истиқлол расида буд, аз нуфузи Амрико дар минтақа ва таъкиди он кишвар бар демократия ва ҳуқуқи башар дар ҳарос буд.
Нигаронии Туркманистон ин буд, ки бо вогузории ин проект ба ширкати амрикоӣ, нақши Амрико дар таҳаввулоти минтақа пуррангтар мешавад ва ин кишвар метавонад барои таҳти фишор қарор додани кишварҳои дигар аз ҷумла Туркманистон, аз тарҳи масоили ҳуқуқи башарӣ истифода кунад.
Мушкили дигар миёни Афғонистон ва Амрико буд. Дар Афғонистон режими толибон ҳоким буд. Режиме, ки бо демократия ва ҳуқуқи башар аз асос мухолиф буд ва дар Афғонистон қудратро бо зӯр тасоҳуб карда буд. Тарҳи проекти ТАПИ фурсатеро барои толибон фароҳам кард, то аз ин проект ба нафъ худ баҳрабардорӣ кунанд. Толибон аз ин тарҳ эъломи ҳимоят карданд. Аммо гуфта мешавад, ки барои убури хатти лӯла аз хоки Афғонистон ба иловаи манофеъи моддӣ, хоҳони ба расмият шинохта шудани ҳокимияти Толибон аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуда буданд, ки ин хоста аз сӯи Амрико рад шуд.
Масъалаи дигар хусуматҳое буд, ки миёни кишварҳои Ҳинд ва Покистон ҷараён дошт ва ин ду кишвар дар он шароит наметавонистанд рӯи иҷрои як проекти бузурги иқтисодӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд. Ҳинд бар асоси ҳамин ихтилофот, узвият дар ин проектро напазируфт ва бештар моил буд, то тарҳи хатти лӯлаи гази Эрон амалӣ шавад. Маҷмӯъи ин авомил сабаб гардид, ки иҷрои ин тарҳ ба таъвиқ биафтад.
Дар соли 2002 мелодӣ бори дигар баҳсҳо дар мавриди роҳандозии ин проект оғоз шуд. Ин бор дар канори кишвари Туркманистон ба унвони содиркунандаи газ, Афғонистон низ алоқамандии худро ба иҷрои ин проект нишон дод. Ройзаниҳои фаровоне, ки дар ин робита сурат гирифт, сабаб шуд, ки Бонки инкишофи осиёӣ аз иҷрои ин тарҳ ҳимоят кунад.
Ҳинд дар соли 2008 расман пайвастани худро ба ин проект эълом кард, ки дар тасреъи раванди амалисозии ин проект нақши муҳимме ифо кард.
Бо ин ҳама пешрафти пружаи ТАПИ дар асари мудохилоти бархе кишварҳо, ихтилофот миёни Покистон ва Ҳинд ва низ норасоиҳое, ки дар бахши сармоягузории проект вуҷуд дошт, бисёр оҳиста ва кунд буд ва дар бисёри маворид бо яъс ва ноумедӣ пайгирӣ мешуд.
Қарордоди интиқоли гази Туркманистон ниҳоятан дар соли 2012 дар Ишқобод пойтахти Туркманистон, байни вузарои маодини чаҳор кишвари узв ба имзо расид. Ин кишварҳо бо имзои тавофуқномаи ТАПИ тавонистанд гоми муҳим ва асосиро дар ростои муваффақияти ин проект бардоранд. Дар сол 2016 қарордоди иҷрои ин проект миёни раҳбарони кишварҳои узв ба имзо расид ва дар ин таърих кори амалии пружаи ТАПИ дар хоки Туркманистон оғоз шуд. Акнун кори ин пружа дар хоки Туркманистон ба поён расида ва дирӯз оғози кори он дар хоки Афғонистон аз сӯи раисҷумҳури Афғонистон ва Туркманистон, нахуствазири Покистон ва вазири давлат дар умури хориҷаи Ҳинд расман оғоз шуд.
Мушаххасоти пружаи ТАПИ
Номи пружа: хатти лӯлаи интиқоли гази Туркманистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд
Таърихи оғози амалии пружа: декабри 2015
Ҳазинаи пружа: 7.5 миллиард доллар хатти лӯлаи газ ва 15 миллиард доллар ҳазинаи газ
Тӯли хати лӯлаи газ: 1814 километр
Тӯли хатти лӯла дар дохили Афғонистон: 816 километр
Кишварҳои зинафъ: Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд
Таърихи такмили пружа: 2019 мелодӣ
Татбиқкунанда: ширкати “ТАПИ лимитед”
Манофеъи ин пружа барои Афғонистон
Ин пружа манофеъи зиёде барои Афғонистон дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба мавориди зер ишора кард:
1- дарёфти солона беш аз 400 миллион доллар ҳаққулубур
2- эҷоди ҳазорон фурсати шуғлӣ ба шакли мустақим ва ғайри мустақим
3- эҷоди неругоҳи барқӣ
4- рушди иқтисодӣ ва афзоиши қудрати хариди мардум
5- афзоиши даромади миллӣ
6- инкишофи саноеъ
7- таъмини бахше аз энергияи мавриди ниёзи кишвар
8- таъмини гази мавриди ниёзи кишвар
9- тасбити ҷойгоҳ ва аҳамияти иқтисодӣ ва стратегии Афғонистон
10- тақвияти амният ва тамаркуз рӯи масоили марбут ба инкишофи иқтисодӣ
Аммо дар ин миён нақши калидии Афғонистон ба унвони як кишвари муҳим аз лиҳози коридори иқтисодӣ миёни Осиёи Миёна ва ҷануби осиё бисёр муҳим мебошад. Нақше, ки солҳост Афғонистон онро аз даст додааст. Агар бо иҷрои ин тарҳҳо Афғонистон битавонад нақши калидии худро дар иқтисоди минтақа бозӣ кунад, метавонад ҳам аз суди ҳосил аз проектҳои бузурги иқтисодӣ баҳра барад ва ҳам нақши геоэкономикии худро дар дар рушди иқтисоди минтақа ба исбот бирасонад. Авлавият додани Афғонистон ба проектҳои иқтисодӣ метавонад ин кишварро аз майдони рақобат ба арсаи ҳамкории кишварҳо табдил кунад. Ин нақша метавонад ҳам Афғонистонро аз лиҳози иқтисодӣ ба худкифоӣ бирасонад ва ҳам дар таъмини амнияти ин кишвар муассир биафтад. Мавқеият геоэкономикии Афғонистон аз яксу кишварҳои ҷануби осиёро ба шимол васл мекунад ва аз сӯи дигар иқтисоди Афғонистонро аз вобастагӣ наҷот медиҳад.
Афғонистон умедвор аст, ки бо иҷрои ин тарҳ кишварҳои зинафъ талоши бештаре барои амнияти Афғонистон ба харҷ диҳанд ва ба хотири ин манофеъи муштарак, манобеъ ва сарчашмаҳои тафаккури ифротӣ дар минтақаро бахушконанд. Ҳамкории кишварҳои минтақа дар мубориза бо ҳаросафканӣ, нақши муҳимм ва таъсиргузоре дар амнияти Афғонистон ва минтақа баҷо хоҳад гузошт ва роҳи муштараки инкишофи иқтисодиро дар минтақа ҳамвор хоҳад кард ва фасли тозае дар равобити иқтисодии кишварҳои минтақа рақам хоҳад зад.
манбаъ: “The Daily Afghanistan”