Рубрики Хабарҳо

Дахолати волидон дар интихоби арӯс

Вақте фарзанди хонавода, писарчаи гӯё дирӯз ба дунё омада, бузург мегардад, тамоми аҳли оила, махсусан падару модар оиди оиладор кардани фарзанд ба ташвиш меафтанд. Орзӯ мекунанд писари худро дар либоси домодӣ бубинанд.

Албатта, издивоҷ кардан барои ҳамагон насиб аст, аммо онҳое, ки дар интихоби ҳамсари арзанда, комёб мегарданд он қадар зиёд нестанд.

Занҳо табиати нарму меҳрубон доранд, аксари қарорҳои зиндагиро аз рӯи ақл неву аз рӯи меҳру отифӣ интихоб мекунанд. Барои ҳимояи занҳо аз макри мардҳои фиребгар дар шариат духтар бояд бо иҷозаи падар, бародар ва ё хешованди дигараш ба шавҳар мебарояд. Дар Қуръону Ҳадиси Паёмбар салалоҳу алайҳи ва саллам вақте оиди издивоҷи духтар сӯҳбат меравад, одатан ба валии зан хитоб мекунад, чун издивоҷи духтар ҳатман бо вали бояд суръат гирад.

Аллоҳ мегӯяд:

و لا تنكحوا المشركين حتى يؤمنوا

Эй мардҳо! Духтарҳоятонро ба мардҳои мушрик то замоне, ки имон наоварданд, ба шавҳар надиҳед. (сураи Бақара ояти 221)

Аз тарафи дигар нисбат ба табиати занҳо мардҳо қавитару соҳибирода ҳастанд. Муҳаббату отифаҳои худро як сӯ гузошта, ақли худро истифода мекунанд. Меҳре, ки ақли занҳоро пӯшонидааст, ақли мардҳоро рӯйпӯш накардааст. Дар интихоби ҳамсар, дар қазоват байни дигарон, мардҳо нисбат ба занҳо дида раҳму шафқат неву тафаккуру ақлро ба кор мебаранд. Аз ин хотир дар шариат арӯсро худи домод интихоб мекунад. Дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбар салалоҳу алайҳи ва саллам ҳар вақто, ки сухан оиди издтвоҷ меравад, мардҳоро хитоб карда мешавад:

و لا تنكحوا المشركات حتى يؤمن  

Эй мардҳо, занҳои мушрикаро то замоне, ки имон наоварданд, ба никоҳи худ нагиред. (сураи Бақара ояти 221)

Дар ояти дигар мегӯяд:

فانكحوا ما طاب لكم من النساء

Занҳое, ки аз эшон хушатон омад, бароятон писанд омаданд, ба никоҳатон гиред, бо онҳо издивоҷ кунед. (сураи Нисо ояти 3)

Паёмбар низ ба худи мардҳо хитоб карда мегӯянд: 

فاظفر بذات الدين تربت يداك

Вақте издивоҷ кардани шудӣ, духтараки соҳибдину парҳезгору худотарсро ба никоҳат гир, он гоҳ хушбахт мегардӣ. (Бухорӣ)

Дар урфи мо одатан арӯсро бо маслиҳати аҳли оила интихоб мекунанд. Ҳолатҳое, ки худи домод арӯсашро интихоб карда бошад, хеле кам во мехӯранд. Домод арӯсро пайдо мекунад, сипас агар падару модар розӣ гарданд, бо он арӯс издивоҷ мекунад ва ё баръакс модар арӯсро пайдо мекунад, агар домод розӣ гардад, издивоҷ мекунанд.

Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки ҷавоне барои худ арӯс интихоб мекунад, аммо оилаи ҷавон ба хусус модар розӣ намешавад. Дар ин ҳолат ҷавон чӣ бояд кунад?

Чӣ гунае, ки медонем, итоати волидон, ризогии волидон барои ҳар як фарзанд, пас аз ризогии Аллоҳ меистад. Ҷавон дар интихоби арӯс волидонашро итоат мекунад ва ё аз баҳри ризогии онҳо баромада, бо арӯси дӯстдоштааш издивоҷ мекунад?

Инҷо бояд ба масъала дақиқ нигоҳ кунем.

Бояд донист, ки волидон ва ё модари домод чаро аз арӯси интихобкардаи писараш розӣ нест?

Агар ҷавон шахсе бошад, ки ҳамеша  аз рӯи ақлу хирад корҳои худро пеш барад, дар зиндагӣ интихобҳои муваффақ карда бошад, дар оила ва байни дӯстон, ҳамчун шахсияти ботаҷрибаву мустақил шинохта шуда бошад, дар ин ҳолат ӯ худ хубтар медонад, ки киро арӯс интихоб кунад. Дар чунин ҳолатҳо, вақте ҷавон барои худ арӯси муносиб интихоб кард, агар арӯс айбҳои халқиву хулқии ошкорову ҷиддӣ надошта бошад, волидон ҳеҷ дахолате накарда ба арӯси фарзандашон интихоб карда, розӣ мешаванд.

Инчунин, агар ҷавон духтари муносиберо барои худ интихоб кунанд, аммо волидон розӣ набошанд, дар ин ҳолат ба волидон нигоҳ мекунем. Агар адами ризоияти волидон далелҳои хос дошта бошад, мисли он ки яқинан донанд, ки духтарак бероҳа аст ва ё дар байни мардум бо бадмуомилагиву хашинӣ машҳур аст, борҳо шоҳиди бадахлоқии ӯ шудаанд, дар ин ҳолат ҷавон бояд падару модари худро гӯш кунад, зеро падару модар бо он далелҳое, ки доранд, медонанд, ки арӯси фарзандашон интихоб карда фарзандашонро бадбахт месозад.

Дар мо як зарбулмасал аст: Ишқ кӯр аст, мегӯянд. Вақте ҷавоне ба духтаре ошиқ мешавад, дар назари ҷавон он духтарак гӯё, ки тамоман беайбу пок аст. Ҷавон ба ҷуз он духтарак шахси дигареро намебинад. Волидон, агар яқин медонанд, ки духтараки фарзандашон интихоб карда бероҳа аст, дар ин вақт ҷавонро бо воситаи дӯстонаш насиҳат кунанд. Ҷавон бояд донад, ки адами ризоияти волидон бадхоҳӣ нест, балки мехоҳанд ҷавонро аз зани бадахлоқ наҷот диҳанд.

Аммо, агар арӯс айбҳои кӯчак дошта бошад ва волидон ба хотири ғаразҳои шахсии худ арӯсро қабул надошта бошанд, дар ин ҳолат ҷавон метавонад барои ризогии волидонро ба даст овардан ба воситаи шахсони дигар хешовандон, уламои маҳалла ва ё ҳар воситаи муносиби дигар ризогии волидонро ба даст оварад. 

Баъзан падару модар мехоҳанд фарзандашон бо яке аз хешовандонашон издивоҷ кунад, аммо ҷавон ба яке аз духтарони бегона ошиқ мешавад, мехоҳад бо арӯси интихоб кардаи худ издивоҷ кунад, дар ин ҳолат ҷавон ҳақ дорад хостаи волидонро рад кунад, бо арӯси интихобкардаи худ издивоҷ кунад. Вале барои он ки падару модар аз ӯ наранҷанд, нишаста бо падару модар оиди интихоби худ, тасмими издивоҷи худ сӯҳбат кунад. Баъзан ҷавонон гумон мекунанд, ки волидон шахсоне ҳастанд, ки ҳаргиз фарзанди худро дарк намекунанд. Асло чунин нест, волидон ягона нафароне ҳастанд, ки моро аз дигарон беҳтар дарк мекунанд. Мушкили дар тарзи фаҳмонидани моён аст.

Дар интихоби арӯс ризогии волидон муҳим нест, ҷавон соҳибихтиёр аст. Аммо аз таҷрибаҳо дидаем, ки ҷавонҳое, ки дар вақти зангирӣ волидонро канор гузоштаанд, ҳатто дуои онҳоро нагирифта дар Русия ва ё дар ҷойҳои дигар издивоҷ кардаанд, ҳаёти бобаракат намебинанд. Ҳамсари бемор, фарзандони бадахлоқ, зиндагии ҳамеша пур аз машокил доранд. Дуои волидон барои фарзандон калиди муваффақият аст.

Барои он ки аз дуои волидон маҳрум нагардад, ҷавони боақл вақте мебинад, ки падару модараш арӯси интихоб кардаи ӯро қабул надоранд, ба ҷои бо падару модар даргири ҷанг шудан, ба ҳар роҳ ризогии онҳоро ба даст меоварад. Аз паи хостаи худ шуда бо волидон як умр даргири низоъ намегардад.

Боре хонуме ба мо нақл мекард. Мегӯяд, ман худ сардухтур ҳастам, танҳо як писар дорам. Вақте пас аз хатми донишгоҳ ба писарам яке аз духтарони хешовандамро интихоб кардам, писарам ба ман гуфт, ман барои худ арӯс интихоб кардаам, як духтари деҳотиро дӯст медорам. Ман, ки аз писарам чунин радро интизор набудам, моҳҳо бо ӯ қаҳри шудам, ҳатто он арӯс кист ва аз кадом деҳа аст, напурсида ман розӣ нестам, гӯён дар мавқифи худ истодам. Писарам борҳо ба ман фаҳмонид, ки арӯси интихоб кардааш аз арӯси ман пайдо карда ба маротиб боақлу арзандааст, ман бошам ҳамеша ҷавоби рад додам. Билохира  боре писарам модари пирамро ба хонаамон овард, то ба ман насиҳат кунад. Модарам ба наздам нишаста ба ман гуфт: духтарам бигзор писарат бо арӯси худаш интихоб карда издивоҷ кунад, писари ту хеле боақл аст, ӯ медонад, ки бо кӣ метавонад оила бино кунад. Ману ту имрӯз ё фардо аз дунё меравем, онҳо солҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Агар бо арӯси ту интихобкарда издивоҷ карду мушкилие рӯх дод, дарҳол туро сабабгори бадбахтиаш мекунад, писарат хеле боақл аст, интихоби ҳамсарро ба худаш вогузор.

Хонум духтур мегӯяд, ман сухани модарамро ҳамеша гӯш мекардам, зеро модари пирам хеле ботаҷриба буд, ин бор ҳам гӯш кардам ва билохира ризоят додам. Алъон солҳост, ки писарам бо арӯси худаш интихоб карда издивоҷ кардаву зинадгӣ дорад, хеле зиндагии осуда доранд, Худоро шукр мекунам, ки фарзандамро маҷбур накардам то бо арӯси ман интихоб карда, издивоҷ кунад.

Ба дилҳои волидон ба ҳар роҳ метавон дохил шуд. Ризогии волидонро аз тариқаи хешовандон, сӯҳбатҳои ошкор, насиҳати шахсони хирадманд метавон ба даст овард. Танҳо чизе, ки мо бояд иҷро кунем, ин роҳи ҳалли мушкили бо роҳҳои муносиб аст.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *