Ҳамзамон бо Рӯзи донишҷӯ, тазоҳуроти зиёде дар чандин нуқтаи шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон ва ҳамчунин донишгоҳҳои ин шаҳр баргузор шуд.
Бар асоси тасвирҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандони Теҳрон, ки дар фарохонҳои “эътисоби умумии 5-7 декабр” ширкат карда буданд, асри имрӯз ба хиёбонҳо рехта ва тазоҳурот барпо карданд.
Нерӯҳои амниятии Эрон, ки тадобири амниятии густурдаеро ба вижа дар атрофи Майдони Озодии Теҳрон гирифта буданд, иқдом ба шиллики гази ашковар ва талош барои пароканда кардани мӯътаризин карданд.
Тазоҳуркунандгоне, ки аз самти донишгоҳи Шариф ба самти Майдони Озодӣ ҳаракат карда буданд, бо сар додани шиорҳои зидди ҳукуматӣ хостори озодӣ шуданд.
Илова бар тазоҳуротҳои хиёбонӣ дар Теҳрон, донишҷуёни ин шаҳр низ тазоҳуротҳои мухталиферо дар донишгоҳҳои Теҳрон, Амиркабир, Шариф, Шаҳид биҳиштӣ, Аллома Таботабоӣ ва Тарбияти Мударрис тартиб доданд.
Гуфтанист, эътирозоти саросарӣ дар Эрон аз 17 сентябри 2022 дар пайи марги Маҳсо Аминӣ дар боздошти полиси амниятии ахлоқӣ оғоз шуд. Бар асоси омори гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ то кунун 469 нафар дар ин эътирозот ҷони худро аз даст додаанд. Омори расмии давлати Эрон аз кушта шудани 300 нафар дар ин ҳаводис хабар медиҳад.
Эътирозот, ки дар ҳафтаи дувоздаҳуми худ аст то кунун бо беш аз 18 ҳазор нафар боздоштшуда аз ҷумла, 576 донишҷӯ ва беш аз 50 хабарнигор ва рӯзноманигор рӯ ба рӯ шудааст.