Дар як хонаи бисёрошёнаи шаҳраки Всеволожск, маҳаллаи наздикии Санкт-Петербург, ки сухтор ба амал омадааст, ду муҳоҷири тоҷик ба нафарони дар сухтор монда кумак кардаанд.
Дар шаҳри Всеволожск, муҳоҷирон аз Тоҷикистонбо исми Фаррух ва Зариф алангаи як манзилро дар ошёнаи 12-уми бинои истиқоматӣ мушоҳида карда, фавран ба кӯмак шитофтанд.
Ин ҷавонон на танҳо ба иҷоранишинон барои тарки бино кумак карданд, балки омадани кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро интизор нашуда, саъй карданд, ки оташро хомӯш кунанд.
То замоне, ки оташнишонҳо ба маҳалли ҳолати изтирорӣ расиданд, онҳо ба хонаи оташгирифта об оварда ба хомуш намудани сухтор сар карданд. Дар натиҷаи ин садама касе осеб надидааст.
Тавре хабарнигори ТВ “МИР” аз ҷои ҳодиса хабар медиҳад, Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов –муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр таи се соли охир кор ва зиндагӣ мекардаанд.