Қаҳрамони собиқи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз бозгашти худ ба варзиши бузург хабар дод.
Ин варзишкори машҳур бо нашри як видеои тамринаш дар рӯйи роҳрави давандагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, барои бозгашташ ба варзиш дар моҳи июл бояд омода шавад. Аммо зимнан ӯ гуфтааст, ки ин бозгашти ӯ ба ҳунарҳои размии таркибӣ нахоҳад буд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов охирин разми худро дар тирамоҳи соли 2020 баргузор кард ва дар он бар Ҷастин Гейҷии амрикоӣ пирӯз шуд. Ин размикор бо мушарраф шудан ба унвони Қаҳрамони UFC дар вазни сабук поёни ширкаташ дар ин навъи варзишро эълон кард.
Ӯ ваъда дод, ки бидуни падараш дигар ба майдони размикорӣ нахоҳад баромад, дар ҳоле ки дар моҳи июли соли 2020 падараш даргузашта буд.
Ҳабиб дар 29 давр аз ҷангҳои омехта ширкат кардааст, ки дар ҳамаи ин давраҳо дастболо шудааст.