Рубрики Хабарҳо

Раҳмонро дар Париж шоҳзода Оғохони IV ба ҳузур пазируфт

7 ноябр дар Париж, пойтахти Фаронса раисҷумҳури Тоҷикистонро, ки тоза вориди ин шаҳр шуд, шоҳзода Карим Оғохони IV ба ҳузур пазируфт.

Аз фурӯдгоҳи Шарл де Гол, ки дар он Эмомалӣ Раҳмонро нафарони маҷҳуле аз мақомоти Фаронса пешвоз гирифтанд, Раҳмон ба қабули шоҳзода Карим Оғохони IV рафт ва бо ӯ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо «Ташкилоти Оғохон оид ба рушд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи иттилоъи дафатри матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳоро дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, муҳокима карданд.

Дар самти рушди иқтисодӣ ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, алалхусус тавассути Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва ширкатҳои ҷамъиятию хусусии он дар Тоҷикистон, махсус таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф, баррасӣ карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *