Ду озмоишгоҳи Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шуд

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 озмоишгоҳи замонавӣ — «Усулҳои таҳкиқоти физикавӣ ва химиявии пайвастагиҳои табиӣ ва синтетикӣ» ва «Коркарди комплексии маъданҳо» муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Таъсиси озмошигоҳҳои муосир ва муҷҷаҳазгардонии онҳо бо техника ва технологияҳои навтарин дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 1987 ташкил ёфта, аз он замон то инҷониб бо базаи модиву техникӣ таъмин нагардида буд.
Ин сеюмин озмоишгоҳ аст, ки дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо технологияҳои наву замонавӣ таъмин мегардад.
Иброз гардид, ки дар озмоишгоҳҳо ашёҳои табиию синтетикӣ, маъданҳои захирагоҳҳои минералии ватанӣ таҳия ва таҳқиқ карда мешаванд.
Озмоишгоҳҳо имконияти асосҳои назариявӣ ва технологии таҳқиқи пайвастагиҳои табиию синтетикӣ ва коркарди технологии конҳои минералии мамлакатро фароҳам меорад. Инчунин дар эътимоднок сохтани натиҷаҳои илмӣ барои рушди соҳаи саноати дорусозӣ ва саноати коркарди маъданҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маъданҳои гуногуни табиӣ мебошад, ки дар таркиби онҳо моддаҳои бисёр пурарзиш, ба монанди бор, алюминий, кремний ва дигар унсурҳои муҳим мавҷуданд. Аз ҷумла, маъданҳои боросиликатию алюмосиликатӣ дар табиати Тоҷикистон фаровон мебошанд.
АКС: Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон