Аз ҳудуди ду ҳафта пеш киштии OPEN ARMS бо шуморе паноҳҷӯи наҷотёфта дар дарёи Мидитарона саргардон будааст. Акнун Олмон ва панҷ узви дигари иттиҳодияи Аврупо эъломи омодагӣ кардаанд ба сарнишинони ин киштӣ дар кишвари худ паноҳ диҳанд.
Киштии OPEN ARMS бо ҳудуди 150 паноҳҷӯй, ки наҷот дода аз ду ҳафта пеш то кунун иҷозаи паҳлӯ гирифтан дар ҳеҷ як аз бандарҳои аврупоииро дарёфт накарда ва ба иҷбор дар обҳои наздики бандар Лампедузо лангар андохтааст.
Акнун нахуствазири Италия, Ҷузеппе Кунта, дар номаи саркушодае ба вазири кишвар, Мотеу Солуини, ки матни он панҷшнбе 15 август дар фейсбук мунташир шуд хабар дода, ки Олмон, Франса, Испания, Португалия, Луксембург ва Руминия барои пазириши паноҳҷуёни наҷот ёфта эъломи омодагӣ кардаанд.
Хабаргузории Фаронса ба нақли аз як сухангӯи вазорати кишвари Олмон гузориш дода, ки Берлин аз пазириши масъулият дар бораи вазъияти паноҳҷуёни наҷотёфта шона холӣ намекунад ва дар бораи ин масъала машғули ройзани бо комисиюни Аврупо аст.
Давлати Испания низ гуфта ҳозир ба пазириши теъдоде аз паноҳҷуён хоҳад буд машрут ба ин, ки барои тақсим 147 сарнишини киштии наҷот, байни кишварҳои узви Иттиҳодия “як роҳи ҳали муштарак аврупоӣ” вуҷуд дошта бошад. Испания мегӯяд Иттиҳодияи Аврупо бояд барои муқобила бо муъзали муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба таври муштарак иқдом кунад.
Киштии наҷоти OPEN ARMS мутааллиқ ба як ширкати испаниягӣ аст ва ҳанӯз муҷаввизи паҳлӯ гирифтан дар бандари Лампедузоро дарёфт накардааст. Аз замони қудратгирии эътилоф аз ҳизби ростгарои Лиго ба раҳбарии Солуинӣ ва ҷунбиши панҷситора дар Италия, сиёсатҳои ин кишвар алайҳи паноҳҷуён сахтгиронатар шудааст.
Дар паёме, ки рӯзи панҷшнбе дар сафҳаи твиттерии ин киштии наҷот мунташир шуд, сарнишинони он фирориёни “ҷаҳаннами Либия” муаррифӣ шудаанд, ки аз 14 рӯз пеш то кунун дар ин шиновар ба сар мебаранд бидуни ин, ки макони амне барои пиёда шудан дошта бошанд.