Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР/13.04

Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба зоирони хориҷӣ ва маҳаллӣ иҷоза дод, ки дар мавсими Ҳаҷ-2022 дар маҷмӯъ 1 миллион нафар адои ҳаҷ кунанд, зеро пандемия то ҳол идома дорад.

«Ҳамчунин, ҳамаи меҳмонон бо ваксинаҳои Pfizer / BioNTech (ИМА-Чин), Оксфорд-АстраЗенека, Moderna (ИМА) ва Ҷонсон ва Ҷонсон (ИМА), ки аз ҷониби Вазорати тандурустии подшоҳӣ ба қайд гирифта шудаанд ва аз ҷониби мақомоти расмӣ тасдиқ шудаанд, эмгузаронӣ шуда бошанд.”

Дар изҳорот гуфта мешавад: “Ҳоҷиёни хориҷӣ бояд 72 соат пеш аз ворид шудан ба Арабистони Саудӣ шаҳодатномаи манфии PTsR дар бораи ташхиси коронавирус пешниҳод кунанд. Вазорати Ҳаҷ ва Умра аз ҳоҷиён ба таври қатъӣ даъват мекунад, ки ҳангоми адои намозҳои худ барои саломатии худро нигоҳ доштан ба шарту қоидаҳои эҳтиётӣ пурра риоя кунанд».

***

Оё Русия нақша дорад, ки дар қаламрави худ ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад, то эҳсоси бадбинии мардумашро алайҳи Украина пурзӯр кунад?

Сардори шуъбаи кашфи Вазорати мудофиаи Украина Кирилл Буданов аз Хадамоти кашфи (разведкаи) Украина хабар додааст: «Хадамоти махсуси Русия як силсила ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла минагузорӣ ва таркишҳо дар биноҳои истиқоматӣ, бемористонҳо ва мактабҳо дар маҳалҳои аҳолинишини Русия, инчунин зарбаҳои мушакӣ ва бомбгузорӣ ба шаҳри Белгород, ё яке аз шаҳрҳои Қримро тарҳрезӣ мекунанд». 

***

Дар Индонезия донишҷӯён ба муқобили тамдиди мӯҳлати раёсати раисҷумҳур  эътироз мекунанд

Хабаргузории Reuters навиштааст, ки садҳо донишҷӯ дар Индонезия бар зидди болоравии нархи равғани растанӣ ва тамдиди мӯҳлати раисии раисҷумҳури феълӣ Ҷоко Видодо эътироз мекунанд. 

Агентӣ мегӯяд, пулиси Индонезия барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардааст. Баъдан аксари эътирозгарон аз назди бинои порлумон дар пойтахти Ҷакарта фирор карданд.

Митинг дар дигар нохияхои Индонезия, аз чумла дар Сулавеси Чанубй, Яваи Гарбй ва Чакарта низ  барпо гардида  садхо нафар донишҷӯён ба нишони эътироз ба мукобили баланд шудани нархи озука ва ба ду мухлат дароз кардани мухлати президенти амалкунанда  ба суи парламент расидаанд.

***

Теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон аз 500 миллион нафар гузашт. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз шуйӯи навъҳои нави омикрон нигарон аст. 

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Иёлоти Муттаҳида, аз замони оғози пандемия дар саросари ҷаҳон 6182982 нафар аз COVID-19 фавтидаанд.

Иёлоти Муттаҳида дар шумораи ҳодисаҳо ва фавтҳо пешсаф аст, ки 80,456,912 сироят ва 986,019 фавтро дорад.

Ҳиндустон бо зиёда аз 43 миллион ҳолат ва 521,000 фавт  пас аз Иёлоти Муттаҳида дар ҷои дуюм аст. Бразилия бо 30,1 миллион ҳолат ва 661,000 фавт дар сегонаи аввал аст.

То имрӯз дар саросари ҷаҳон 11,119 миллиард вояи ваксина истифода шудааст.

Қаблан дар Белгия нахустин мавриди гирифтор шудан ба варианти омикрон ба BA.4 гузориш шуда буд. То ба ҳол, аввалин ҳолати гирифторӣ ба штамм нави XE коронавирус дар Ҳиндустон тасдиқ шудааст. XE гибриди ду зернамуди штамми omicron мебошад, ки нисбат ба дигар мутатсияҳо 10 фоиз гузарандатар аст..

***

Фаронса шаш агенти Русияро боздошт кардааст

Пас аз маълум шудани он, ки дастаҳои  иктишофии Русия дар ин кишвар амалиёти махфӣ мегузаронад, Фаронса шаш агенти Русияро персона нон грата эълон кард.

Барои маълумот: Persona non grata аз забони лотинӣ  persona pop grata — шахси номатлуб тарҷима мешавад. Маънои маҷозии ин ибора  шахсе, ки бо нияти хайр муносибат намекунад.

Вазорати умури дохилии Фаронса дирӯз аз рӯйи баёнияи  интишоркардаи вазорати умури хориҷаи Фаронса гуфт, пас аз таҳқиқи тӯлонӣ  маълум шуд, ки  дирӯз хадамоти кашфи Русия дар Фаронса як амалиёти махфӣ анҷом додааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 6 нафар  агенти Русия таҳти ҳимояти дипломатӣ қарор дошта, фаъолияташон хилофи манфиатҳои Фаронса будааст, ки персона нон грата эълон шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки рӯзи 4 апрел Фаронса тасмим гирифта буд, ки 35 дипломати русро, ки дар ин кишвар кор мекарданд, ихроҷ кунад.

***

Аз вазорати дифои Қазоқистон дар посух ба дархости расмии Sputnik Қазоқистон хабар додааннд, ки имсол дар Қазоқистон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба паради низомӣ баргузор намешавад.

Охирин паради низомӣ дар Қазоқистон 7 майи соли 2018 баргузор шуда буд. Аз замоне, ки  раисҷумҳури кунунӣ Тоқаев сари курсии роҳбарӣ омад, ин ид умуман ҷашн гирифта намешавад.

***

Русия ва Қирғизистон дар мудофиаи ҳуҷуми ҳавоӣ муттаҳид мешаванд

Муовини раиси Кумитаи мудофиаи ҳавоии назди Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ генерал-полковник Юрий Грехов гуфт, ки  тарҳи созишнома аллакай барои тасдиқи дохили кишвар фиристода шудааст.

Қаблан порлумони Тоҷикистон низ бо Русия созишномаро  дар бораи таъсиси системаи мудофиаи ҳавоӣ ба тасвиб расонида буд.

***

Бар асари тӯфони шадид дар Филиппин 25 нафар кушта шуданд

Ҳар сол дар кишвар тақрибан 20 маротиба чунин тӯфонҳо рух медиҳанд, ки Мэгги барои мавсими имсола бори аввал аст ва ин тӯфони тропикӣ вайронгариҳоеро бор меорад. Аз ҷумла, Ҷомен Колладо, раиси пулиси шаҳри Байбай гуфт, дар ин минтақа ҷасади 22 нафарро аз зери харобаҳо пайдо кардаанд. Вилояти марказии Лейти аз ҳама бештар осебдида боқӣ мемонад.

Хабаргузории Колладо навиштааст: “Дар маҳаллаҳои аҳолинишин ярч ба амал омадааст. Сипас, хеле аз қурбониёнро обхезӣ бурдааст «

***

Барамидзе, муовини собиқи нахуствазири Гурҷистон, дар Украина ҳамчун ҷанговари кироя меҷангад

Дар ин бора вакили Верховная Радаи Украина Гончаренко хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз Гурҷистон ба Украина то 400 аскари кироя  омадаанд. Баъзеи онхо дар наздикии Киев, дигархо дар наздикии Харков ҷойгир шудаанд.

Қаблан ҳукумати кунунии Гурҷистон аз кумак дар ирсоли аскарони кироя  ба Украина худдорӣ карда, ба фуруд омадани як ҳавопаймои украиние, ки барои аскарон омада буд, иҷоза надод.

Тифлис ҳамчунин бо дархости мақомоти Киев аз боз кардани «ҷабҳаи дуввум» алайҳи Русия худдорӣ кард.

**********

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *