Қарзи Агентии беҳдошти замини Тоҷикистон боз афзуд. Агентӣ чун гузашта қимати пасти обрасониро сабаби афзоиши қарз меномид ва ҳамакнун болоравии нархи барқро низ омили дигари он донист.
Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар назди ширкати энержии «Барқи тоҷик» ба 456 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расидааст.
Дар як сол қарзи ин ниҳод аз истифодаи барқ 90 миллиону 900 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки раҳбари собиқи ин ниҳод, Холмурод Раҳмон сабаби қарзи зиёди Агентиро ба деҳқонон рабт дода гуфта буд, ки пули оби истифодакардаро пурра пардохт карда наметавонанд.
Холмурод Раҳмон он замон ду роҳи роҳи ҳалли мушкили қарзиро гуфта буд, ки яке боло бурдани қимати оби полезӣ ва дигарӣ субсидияҳои давлатӣ мебошад.