Рубрики Хабарҳо

Молҳои мусодиранамудаи Агентии «Тоҷикстандарт» бозфурӯшӣ мешаванд?

Беш аз се ҳазор тонна  маҳсулоти  гуногуни хӯроквории  ба талабот ҷавобгӯй набуда  соли гузашта аз ҷониби мутахассисони Агентии  «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ  ошкор гардидааст.  

Қудрат Давлатзода, директори Агентии «Тоҷикстандарт» имрӯз дар нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки беш аз 1000 тоннаи маҳсулотҳои ошкоршуда, маҳсулоти  пастсифату хатарнок ва  қариб 2 ҳазор тоннааш маҳсулоти хӯроквории аз рӯи тамғагузорӣ ғайристандартӣ дониста шудаанд.

“Зимни амалӣ намудани  назорати давлатӣ дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби  нозироти савдо маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили беш аз 1300 қуттӣ тамоку, 45,5 тонна  масолеҳи сохтмонӣ, қариб 11 ҳазор дона фурӯзонакҳои тафсон, 2938 адад фурӯзонакҳои  каммасраф, 3400 метр ноқил, ки ба талаботи  ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- техникӣ ҷавобгӯ  набуданд, ошкор карда шуд”, — изҳор намуд Давлатзода

Аммо бино ба бовари соҳибкорон молҳои мусодирашуда аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» нобуд карда намешаванд. Балки ба худи соҳибкорон бо гунае бозфурӯшӣ мешавад.

Соҳиби фурӯшгоҳи масолеҳи сохтмон дар шаҳри Ваҳдат, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Паём.нет гуфт, ки масолеҳи кормандони Агентӣ аз фурӯшгоҳаш мусодира намударо дар анбори бозори яклухтфурӯшӣ масолеҳи сохтмонии шаҳри Душанбе дидааст.

“Дар натиҷаи як рейди агентӣ масолеҳи сохмонии фурӯшгоҳамро мусодира ва акт намуданд. Ман ба миқдори 4500 сомонӣ ҷарима супоридам. Он масолеҳҳоеро, ки номгӯяшро акт намуда буданд, ба мошин бор карда гирифта рафтанд. Баъди чанде ба шаҳри Душанбе барои бор рафтам, ҳангоми хариди масолеҳи сохтмонӣ дар як анбор чанд масолеҳеро шинохтам, ки аз фурӯшгоҳи худам бурда буданд. Як бор дилам сих зад. Дониста шуд, ки масолеҳи аз фурӯшгоҳи ман мусодирашуда, боз ба яклухтфурӯшон барои фурӯш дода шудааст”. — арз намуд сокини шаҳри Ваҳдат.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *