Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон ба маблағи беш аз 381,5 миллион доллар мошин ворид кардааст

Соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи беш аз 381миллиону 500 ҳазор доллар мошин ворид кардааст, аммо ҳаҷми фурӯши онҳо дар дохили кишвар 70 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил додааст.

Тибқи омор, дар соли 2021 ба кишвар ба маблағи 381 миллиону 559 ҳазору 600 доллар воситаҳои нақлиёт ворид карда шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 1,7 маротиба бештар аст. Аммо ҳаҷми фурӯши мошинҳо, бо шумули мошинҳои қаблан воридшуда дар бозори дохилӣ ҳамагӣ 792 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, муодили 70 миллиону 100 ҳазор доллар будааст.

Тоҷирони мошин бар ин назаранд, ки афзоиши воридоти мошинҳо ба зиёд шудани талабот ба он дар бозори дохилӣ, бо вуҷуди он ки қимати сӯзишворӣ дар вақтҳои охир пайваста боло меравад, марбут аст. Солҳои ахир ширкатҳои хусусӣ барои навсозии паркҳои таксӣ бештар мошинҳоро ворид мекунанд.

Нақлиёти автомобилӣ, асосан мошинҳо аз Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ворид карда мешаванд. Ва дар бозори мошинҳои боркашу калон, истеҳсолкунандагони чинӣ мавқеи пешқадамро ишғол мекунанд.

Содироти воситаҳои нақлиёт нисбат ба соли 2020 47,8 фоиз афзудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *