Мақомоти Ӯзбекситон сифати таълим дар 8 донишгоҳи Тоҷикистонро ғайриқаноатбахш номида гуфтаанд, ки хатмкардагони ин донишгоҳҳо ба талаботи бозори Ӯзбеистон ҷавобгӯ нестанд.
Дар “тавсияҳо дар мавриди аниқ кардани дараҷаи таълим дар мактабҳои олии кишварҳои ҳамсоя”, ки онро Инспексияи давлатии назорати сифати таълими Кобинаи вазирони Ӯзбекистон нашр кардааст, гуфта мешавад, сифати таълим дар 16 мактаби олии кишварҳои ҳамсоя – 8 донишгоҳу донишкадаи Қирғизистон ва 8 мактаби олии Тоҷикистон – ба талаботи бозори кори Ӯзбекистон ҷавобгӯ нест.
Ба “рӯйхати сиёҳ”- ин комиссиюн донишгоҳҳои маъруфе чун Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишкадаи забонҳо ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ ворид шудаанд. Ғайри ин се, Донишгоҳи бози Тоҷикистон, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат, Донишкадаи андозу ҳуқуқ,, Донишгоҳи Бохтар ва Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат сифати таълимашон паст ва муҳассилинашон барои бозори кори Ӯзбекситон нолозим шумурда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳоди давлатии Ӯзбекистон сифати таълим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мактаби олии милисаи ВКД, Донишгоҳи аргарӣ, Консерваторияи миллӣ, Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҷавобгӯи талабот номидааст.
Гуфта мешавад тавсияҳои Инспексияи давлатии назорати сифати таълими Кобинаи вазирони Ӯзбекистон бар асоси таҳқиқи ҷараёни таълим дар ин мактабҳои олӣ бар пояи манобеи гуногун, аз ҷумла санҷиши саводи хатмкардагони ин мактабҳо аз тариқи тестҳо муайян шудааст.
Бар асоси таҳлили Инспексияи назорати сифати таълими Ӯзбекистон, аз ҷумлаи донишҷӯёни ӯзбекистоние, ки соли 2019 мактабҳои олии Тоҷикистон хатм кардаанд, 57,6 дарсадашон муҳассили Донишгоҳи омӯзгорӣ будаанд, ки дар рӯйхати сиёҳ қарор гирифтааст. Дуввумину саввумин донишгоҳҳои байни донишҷӯни ӯзбек маъруф, — Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи забонҳо, ки мутаносибан 19,1 ва 4,78-ашон онро хатм кардаанд низ шомили рӯйхати сиёҳ ҳастанд. Дар умум ҳамагӣ камтар аз 6 дарсади донишҷӯёни Ӯзбекситон донишгоҳҳое дар Тоҷикистонро хатм кардаанд, ки дар рӯйхати сиёҳ ворид нашудаанд. Яъне имкон дорад, шумори донишҷӯёни ӯзбек дар Тоҷикистон беш аз 90% камтар шавад.
Моҳи феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садҳо донишҷӯи ӯзбекистонӣ мактабҳои олии Тоҷикистонро тарк карда, бо ваъдаи идомаи таълим дар мактабҳои олии кишвари худ ба Ӯзбекистон баргаштанд. Он вақт ҳам гуфта мешуд, ки ҷониби Ӯзбекистон аз сифати таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон розӣ нест. Ин ниҳоди давлатии Ӯзбекистон аз довталабон хостааст, ки барои таҳсил донишгоҳҳои кишварҳои сатҳу сифати таълимашон баландро интихоб кунанд.
Аламовартарин санад дар ин ташхис ин аст, ки Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки қариб 60%-и донишҷӯёни ӯзбекро дар худ ҷо дода буд, ба рӯйхати сиёҳ афтодааст. Муҳассилини ин донишгоҳ мебоист баъди хатми он ба мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон рафта, ба тоҷикони ин кишвар дарс мегуфтанд. Дар ҳошияи ӯзбексозии миллионҳо тоҷик ва баста шудани аксари мактабҳои тоҷикӣ дар замони шӯравӣ ва каримовӣ, зарбаи муҳлики дигар ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистонро мақомоти Тоҷикистон заданд. Ба поёнтарин сатҳ бурдани маорифи кишвар кам буд, ки инак бо айби мақомоти маорифкуши Тоҷикистон, ҳазорон тоҷики дигар дар Ӯзбекситон аз муаллим маҳрум мешаванд.
Албатта аз донишгоҳе, ки солҳо раҳбарии онро Абдуҷаббор Раҳмонов ба ихтиёр дошт — нафаре, ки ҷадвал дар даст назди дари донишгоҳ меистоду баландии каблуки духтаронро чен мекард ва баъдан лақаби Абҷабори каблукро гирифт, чӣ мешавад интизор шуд? Раҳбаре, ки барояш баландии каблуки донишҷӯ аз сатҳи донишу ӯ муҳимтар аст ҳамтан донишгоҳи даҳсолаҳо маъруфу пурнуфузро ба сатҳи омӯзишгоҳи касбӣ ё ПТУ фарорад.
Вазорате, ки раҳбариаш солҳо дар дасти “академик”-и дигар Нуриддин Саиди ҳуҷҷатфурӯш, ки вазоратро ба бизнеси хонаводагиаш табдил дода буд қарор дошт, ҳатман сатҳи маориф дар кишварро ба сатҳи дарки вазираш аз мактабу маориф поён меорад.
Академику профессору дотсенту номзади илм, ки корҳои илмии худро аз интернет дуздида танҳо калимаҳои “Русия”-ро ба “Тоҷикистон” ё “Оренбург”-ро ба “Хатлон” иваз мекунанду онро маҳсули кори худ муаррифӣ карда соҳиби унвон мешаванд, ба донишҷӯяш ғайри ҳамин қаллобӣ чизи дигаре омӯзонида наметавонад.
Билохира раисҷумҳуре, ки Абҷаббори каблукро мушовири худ мегираду ба табдил медиҳад, ҳамин дар дар бораи илму маориф тасаввурот дорад.
Барои он ки Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон маъруф шавад, садҳо донишманд даҳсолаҳо заҳмат кашиданд, аммо 10 сол кофӣ буд, ки ин се нафар онро ба сатҳе фароранд, ки дигар донишҷӯёни хориҷӣ аз таҳсил дар он парҳез мекунанд.
Суоли матраҳ ин аст, ки муҳассилини ватании ин донишгоҳ мактабҳои кишварро ба куҷо расондаву ба чӣ табдил додаанд?