Рубрики Хабарҳо

Путин: Миллатгароиро собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шикаст дод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни суханронияш дар Паради ғалаба ба муносибати ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид дошт, ки миллатгароиро мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст додааст.

Путин гуфт. “Мо ҳамеша дар хотирот мемонем, ки миллатгароиро мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст дод. Миллатгароиро миллионҳо нафар миллатҳои гуногун аз ҷумҳуриҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст доданд”.

Путин илова кард, ки дар ҷанг, дар оқибгоҳ ва дар отрядҳои партизанҳо  бо ҷасорату ягонагӣ мубориза мебурданду меҳнат мекарданд.

Путин инчунин илова кард, ки мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ барои озодии Аврупо хисороти ҳангуфти ҷонӣ дод.

Гуфтанист, дар ин гузашти низомӣ, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат карданд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок карданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *