Тоҷикистону Ӯзбекистон дар паи сабуктар кардани вазъи муҳоҷиринашон дар Русия ҳастанд. Ҳарду кишвар вориди гуфтугӯ бо мақомоти Русия шудаанд, вале роҳҳои пешниҳодкардаи онҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Ӯзбекистон масъалаи додани гувоҳномаи забони русӣ ва суғуртаро, ки барои гирифтани иҷозаи кор (патент) дар Русия лозим аст, аллакай ҳал кардааст. Гувоҳномаи забони русӣ минбаъд дар худи Ӯзбекистон дода мешавад. Суғуртаи додашуда аз тарафи мақомоти Ӯзбекистон ҳам минбаъд дар Русия қабул хоҳанд шуд.
Мақомоти Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон дар паи ҳали масъалаи эътирофи ҳуҷатҳои тиббии ин кишвар дар Русия ҳастанд. Дар ин агентӣ гуфтаанд, ки барои ин кор бояд вазорати тандурустии Ӯзбекистон баъзе аз талаботи ҷониби Русияро иҷро кунад. Онҳо ибрози умедворӣ кардаанд, ки ба зудӣ ин масъала ҳам ҳали худро пайдо хоҳад кард.
Аммо ҷониби Тоҷикистон аз Русия хостааст мӯҳлати будубоши бидуни қайди муҳоҷирони тоҷикро то 30 рӯз ва мӯҳлати будубош бидуни иҷозатномаи кориро то 6 моҳ дароз намуда, вазъи оилавӣ ва таъмини нафақаи онҳо баррасӣ шавад.
Пешниҳоди тамдиди мӯҳлати будубош бидуни қайд аллакай аз ҷониби Русия рад шуд.
Паём аз коршиносон ва муҳоҷирони корӣ пурсид, ки “роҳи интихобкардаи кадоме аз кишварҳо барои муҳоҷирини корӣ бештар фоидаовартар аст?”
Ҷони Сафарзода, муҳоҷири меҳнатӣ ва фаъоли иҷтимоӣ: Ӯзбекистон албатта пешниҳоди хуб карда аст. Пешниҳоди Тоҷикистон фақат барои нафақа хубтар аст. Аммо ин кӯшишхо бе фоидаанд. Русия ҳеҷ гоҳ ба ваъдаҳои худ вафо намекунад. Агар ҳамон шартномаи пешинаи 3 солаи ҳуқуқи кориро ба ивази пойгоҳи ҳарбияш ичро кунад, басанда аст. Ҳукумати Тоҷикистон бояд барои муҳоҷирон дар дигар давлатхо ҷойҳои корӣ ҷӯяд. Чунки Русия ҳуқуқи муҳоҷиронро риоя намекунад ва ба онҳо чун ба ғулом назар мекунад. Ҳоло бо ҳар баҳона ҳатто муҳоҷироне ки дар асоси қонун кор мекунанд бе асос ихроҷ карда истодааст.
Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ЭТМОС: Масъалаи бардоштаи Ӯзбекистон, яъне гирифтани шаҳодатнома дар ин кишвар хуб ва фоидаовар аст. Тоҷикистонро ҳам мебоист ин масъаларо бардорад.
Аммо то 30 рӯз дароз кардани мӯҳлати будубоши муҳоҷирон пешниҳоди аҳмақона аст. Барои муҳоҷирони тоҷик 30 рӯз бидуни қайд гаштан аслан лозим нест, чунки дар 15 рӯзе, ки алъон иҷозат доранд, метавонанд чанд бор худро ба қайд монанд. Фикр мекунам ин сӣ рӯз барои худи ҳамон сиёсатмадороне, ки пешниҳод кардаанд лозим аст. То дар ин муддат тавонанд бидуни бақайдмонӣ кайфу сафо кунанд.
Талаби дигари ҷониби Тоҷикистон иҷозаи 6 моҳ кор кардан бидуни баромадан аз Русия буд. Бубинед, аз рӯи қонунгузории Русия, дар сурати доштани иҷозаи кор (патент) ва шартномаи корӣ, шумо метавонед як ва ҳатто ду сол бидуни хориҷ шудан аз Русия кор кунед.
Тибқи қонунгузории Русия, аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандоне, ки патент намегиранд ва шартномаи корӣ намебанданд, бояд баъди се моҳи ҳузур дар Русия аз он хориҷ шаванд ва танҳо пас аз гузашти се моҳи дигар баргарданд. Аммо шаҳрвандони мо бинобар надонистани қонун ҳам онҳое, ки патент доранд ва ҳам онҳое, ки надоранд, дар се моҳ як бор сарҳадро убур карда бармегарданд. Ин хилофи қонун аст ва дар аввалин ҳолати ба дасти пулис фаромадан, онҳо барои 3 то 5 сол истирдод хоҳанд шуд.
Онҳое, ки ин ду пешниҳодро кардаанд аслан аз соҳаи муҳоҷират дуранд ва худашон намедонанд, ки пешниҳодашон ба ҷои фоида бештар зарар меорад. Мо бояд пеш аз ҳама манофеъи миллии худамон ва ҳуқуқи муҳоҷиринро дар назар гирем, на табъи давлатмардони Русияро.
Аммо роҳи пешгирифтаи Ӯзбекистон ба маротиб фоидаовартар ба муҳоҷирин аст. Агар онҳо муваффақ шаванд суғуртаи тиббии худро қабул кунонанд, пешрафти ҷиддие дар ин самт мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки хадамоти муҳоҷирати онҳо бо фарқ аз Тоҷикистон дар Русия намояндагӣ надоранд. Намояндагони кишвари мо бо вуҷуди ин ки дар Русия мешинанд ва моҳонаи калон мегиранд, қудрати ҳал кардани ягон масъалаи ҷиддиро надоранд.
Ҳамза Саидаҳмадпур, соҳибкори тоҷики муқими Русия: Барои беҳбуд бахшидан ба вазъи муҳоҷирон як пешниҳод кофӣ нест. Ин ҷо нақши муҳимро Русия бозӣ мекунад ва метавонад мисли ҳарвақта пешниҳодҳоро қабул кунад, аммо бо сар додани ҷилави милиса ва мансабдоронаш ба онҳо иҷоза медиҳад ҳуқуқи муҳоҷиринро поймол кунанд. Пешниҳоди Тоҷикистон оиди нафақа ҷолиб аст, аммо фикр намекунам ки Русия онро қабул кунад. Агар қабул ҳам кард, дар баробараш боз қонунҳое мебарорад, ки муҳоҷир барои нафақа то мурданаш қоғаз ҷамъ кунад.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқ: Ҳарду пешниҳод ҳам ҳеҷ фоидаи ба муҳоҷири меҳнатӣ намеорад.
Пешниҳодоти Ӯзбекистон:
- Ба Ӯзбекистон кӯчонидани имтиҳони забони русӣ танҳо кӯчонидани фасод аз Русия ба Ӯзбекистон аст, ки дар натиҷа ришва бештар мешавад. Зеро он бояд байни мансабдорони русу ӯзбек тақсим шавад.
- Бастани шартнома бо ширкатҳои суғуртавии Ӯзбекистон ба ин маънӣ аст, ки хадамоти тиббӣ бо ин полисҳо дар Русия амалан дастнорас мешаванд. Аммо бастани шартнома бо ширкатҳои суғуртавии русӣ дар Ӯзбекистон боз ҳам ба гароншавии нархи полисҳо оварда мерасонад, зеро ҳақи миёнаравиро ҳам ширкатҳои русӣ ва ҳам ӯзбекӣ хоҳанд ситонд.
Пешниҳодоти Тоҷикистон:
- Дароз кардани мӯҳлати бақайдгирӣ ба мушкилшавии он оварда мерасонад ва барои тоҷикистониён хавфи ин вуҷуд дорад, ки онҳо бе иҷозатномаи кор (патент) мемонанд. Зеро мӯҳлати гирифтани он 30 рӯз аз рӯзи воридшавӣ аст ва барои гирифтани он қайди муваққатӣ лозим аст.
2. Агар пешниҳоди дуввам (то шаш моҳ иҷозаи мондан бидуни патент) қабул шавад, қоидаи 90/180-ро бекор намекунанд ва тоҷикистониён бидуни истисно ба истирдоди 5-сола мувоҷеҳ мешаванд. - Дар ҳоли қабул шудани пешниҳод ва бекор шудани қоидаи 90/180 муҳоҷирони тоҷик аз гирифтани иҷозатномаи корӣ худдорӣ намуда ба кори бидуни иҷозатнома машғул хоҳанд шуд, ки дар ин маврид ҳам қонун истирдод ба мӯҳлати 5 солро пешбинӣ кардааст.
- Агар ин пешниҳодро Русия қабул накунад (ки қабул намекунад) ҳеҷ маъние дар дароз кардани мӯҳлати бақайдгирӣ боқӣ намемоанд.
Ҳикматулло Раҳмонов, фаъоли иҷтимоӣ ва муҳоҷир: Ҳамаи мо мардуми тоҷик албатта хайрхоҳи ватану миллатамон ҳастем, аммо амал дигар аст. Ӯзбекистон тавони таъмини мардумашро бештар аз мо дорад, барои ҳамин чунин иқдомҳоро пешниҳод намудааст ва дар қабули онҳо РФ маҷбур ҳам ҳаст, дар муқоиса бо давлати мо. Он чӣ ки давлати мо пешниҳод намудааст, албатта холӣ аз манфиат нест. Вале қабул шудани онҳо тамоман гапи дигар аст. Агар дуи боқимондаи дигараш қабул шавад, бениҳоят аъло хоҳад шуд. Қабули онҳо аз маҳорати дипломатҳо низ вобаста аст ва мардуми тоҷик барои нафақа ҳақ доранд.