Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» метавонанд дар рӯзҳои истироҳат ё ид ба Узбекистон сафар карда, доимо бо хонаашон дар тамос бошанд. Барои мизоҷони оператор, ҷиҳати муошират ва ҷустуҷӯи маълумот дар интернет, хизматрасонии муфиди «Ҳамсояҳои роумингӣ» бо нархҳои арзон ва бастаи «Узбекистон Онлайн» пешниҳод мегардад.
Ёдгориҳои Тошканд ва гумбазҳои кабуди Самарқанд, иморатҳои бостонии Бухоро ва Хива – дар Узбекистон ҷойҳои зиёди тамошо мавҷуданд, ки шаҳрвандони кишварамон орзуи дидани онҳоро доранд. Шартҳои махсуси пешниҳодкардаи МегаФон Тоҷикистон сафари шуморо боз ҳам ҷолибтар мегардонад.
Барои ба таври назаррас кам кардани хароҷот барои алоқа дар кишвари ҳамсоя, аввал бояд хизматрасонии «Роуминги қулай»-ро фаъол намоед. Амали мазкурро тариқи замимаи «МегаФон Life» ё бо истифодаи USSD-дархости *992*1# анҷом дода метавонед. Дар тавозуни телефон бояд на камтар аз 3 сомонӣ бошад.
Воситаи дуюм — пайваст кардани хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” бо USSD-дархости *390*1# ё тавассути “МегаФон Life” мебошад. Хизматрасонӣ барои истифода бурдани алоқа бо нархҳои муфид имкон медиҳад. Ҳамин тариқ, як дақиқаи даъвати воридотӣ 1,50 сомонӣ арзиш дорад. Шумо метавонед ба Тоҷикистон ва ё дар дохили Узбекистон бо нархи 2,50 сомонӣ барои як дақиқа занг занед. Ирсоли SMS-паёмак 0,30 сомонӣ арзиш дорад, нархи 1 МБ трафики интернет низ чунин аст. Ин аз нархҳои стандартӣ барои роуминги байналмилалӣ якчанд маротиба камтар аст.
Бастаи «Узбекистон Онлайн» имкон медиҳад, ки дар Интернет маълумотро дар бораи ҷойҳои тамошои Узбекистон ҷустуҷӯ кунед ё эҳсосоти худро аз сафар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иброз намоед. Он 5 Гб трафики интернетро дар бар мегирад, ки онро дар давоми 30 рӯз аз рӯзи пайвасткунӣ истифода бурдан мумкин аст. Баста ҳангоми дастрасии аввалин ба интернет дар ҳудуди Узбекистон, агар дар суратҳисоби муштарӣ на камтар аз 18 сомонӣ бошад, ба таври автоматӣ фаъол мегардад.
Агар муштарӣ ҳангоми сафар аз хизматрасонии интернет истифода набурда бошад, метавонад бастаи «Узбекистон Онлайн»-ро хомӯш намояд ва дар ин ҳолат маблағи гирифташуда ба тавозуни телефон бармегардад. Барои қатъкунии хизматрасонӣ бояд дархости *305*64# рақамчинӣ гардад ё дар саҳифаи асосии замимаи “МегаФон Life” қисми Бақияи интернет дар равзанаи дорои тасвири глобус пайдо карда шавад. Дар рӯйхати бастаҳо бояд «Узбекистон Онлайн» пайдо карда шуда, дар бандҳои пешниҳодшуда ифодаи «Қатъ кардан» интихоб гардад.
Аз хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” ва бастаи “Узбекистон Онлайн” истифода баред, то ки ҳангоми сафар бо наздиконатон дар тамос бошед ва барои хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ маблағи зиёдатӣ сарф накунед!